Рачабали Фаизуллоев БОИДУХТАР ( кисса) Кисми 1 Бегохи якбора шамоли сахт ба амал омаду барк хам хомуш шуд. Ман ки болои кати хавли хамрохи модарам менишастам, аз тагйир ёфтани боду хаво каме тааччуб карда, аз чои хестаму бо умеди овардани фонус ба хона даромадам. - Писарам, фонус дар болои шкаф аст, нидо кард модарам. Фонусро гирифта, дубора ба назди модар баргаштам. - Писарам, ин хел намешавад, андешаи он духтари ахмакро аз сарат дур куну дар фикри зангирият бош! - Оча, биё хамин гапхо чи лозим, шояд Ганчина ислох шаваду дубора ба наздамон баргардад,- фахмонидам ба модар - Аз омаданашда наомаданаш бехтар аст, зане, ки шавхарашро хурмат намекунад, гум шавад, безорам аз ин хел келин,- дар сари кахру газаб мегуфт модарам. Модарам аз рафтори келинащ хеле озурда шудааст.Хамсарам Ганчинахон дар хонадони мо пою кадам накард.Аз рузи аввали келин шуда ба хонадони мо омадан ситорааш ба модарам рост наомад. - Оча, холо келинат чавон аст, кам- кам хунархои пухту пазро нишонаш дех, ёд мегирад,- рузхои аввали зангириям мегуфтам ба модар - Хаждах сари сол дар хонаи падару модараш ёд нагирифтааст, нав ёд мегирад ин аруси ёфтаат, сатили обро бардошта наметавонад, бо тарафашро мегири,- мегуфт модарам. Ман барои дили модарам аз ман наранчад, ба шикоятхояш чавобе намедодам.Охир модар, модар аст! Калбаш, чигараш барои ман месузад. Айби худам хам хаст.Аз рузи аввали шиносои бо Ганчина бо у руи хуш додам.Дар гушаш факат афсонаи ишк мехондам. - Туро ман дуст медорам, бе ту зиндаги карда наметавонам, ту чони ман, яктои мани.- мегуфтам ба у.Аз кор меомадам, соатхо болои диван бо у розу ниёз мекардам. То модарам садо намекард, харду аз хона намебаромадем. - Писарам, вакти гап задану пичир- пичир кардан шаб аст, наход дар рузи равшан дар хонаи хобатон даромада бишинен,- ба мо навхонадорон эрод мегирифт модарам.Баръакси модарам падарам ба мо хеч чиз намегуфт. - Мон аз дидори хамдигар сер шаванд, мову ту як замоне мисли хамин чавонхо будем ку, шабу руз дар багали хамдигар будем, имруз шуда писарма намемони бо арусаш як лахза дами бегам бзана,- тарафи мо нигох карда хандида мегуфт ба очам падарам. Суханхои падарам ба мо мефорид.Аммо арусам аз модарам норохат дар хона мегашт.Бисёр вакт лахзаи хурокхури сари дасторхон наменишаст.Аз ин чихат ман гам мехурдам. - Ин духтар бо ин кахркуни ва шармкунияш худашро бемор мекунад,- дар сари дасторхон меандешидам дар дил.Модарам холати маро паи бурда мегуфт: - Дилат ба арусат сузад, хурокашро бардошта бурда дихедаш, бе у як лукма аз гулуят намегузарад,- мегуфт модарам. Рафтори Ганчина харчанд ба модарам маъкул набуд, аммо боз ман тарафи хамсарамро мегирифтам.Зеро хамсарамро дуст медоштам. Ганчина духтаре буд, ки уро бо ишку ошики гирифта будам.Киссаи бо ин духтари оилаи сарватманд шинос шуданам низ ачиб аст. ( давом дорад)
    3 комментария
    8 классов
    Муяссарахон Махмудова Ҳамин якта чизба ҳайрон мешам дия.. Ҳамин #Тоҷиконамепӯшем фақат занҳова дахлаш ҳаст ми? Ё ин ки шаҳрвандони Тоҷикистон фақат занҳо ми? Ё фақат занҳои Тоҷикистон тоҷику, мардҳош тоҷик неми?.. Майлаш мардҳо ҷома, яктак, шаравар, маҳси, калӯш, рӯймол( миёнбанд), чакман, салла, дастор… напӯшанд. Хай аққалан тоқи ( тӯппи )пӯшан! Ман аз хурди медонам, ки падари ман тоқи мепуштан. То холо бе токи намегардан! Ҳамин атрибутикаи сару либос барои мардҳо ҳам ҳатми шавад охир! Хуҷандиҳо тоқии Чуст пӯшанд. Конибодому Исфара тоқии девораш пасти қаламфургул пӯшанд. Панҷакенту Айни ҳам тоқии худашона доранд. Кӯлобу Хатлону Помир ҳам. ТОҷикона бошад, барои ҳамма тоҷикона шавад. Мардҳо ягон орнаменти тоҷики истифода намебаранд. Занҳои бечора баҳору зимистон атласу адрасу чакан мепӯшанд. Ба гармою сармо нигоҳ накарда… Фикратонро нависед 🤗
    3 комментария
    7 классов
    🌱🌼🌾🌸🌿🌷⭐️🌷🌿🌸🌾🌼🌱 Бароятон панҷ чизро аз Худо металабам ... 🌱🌸Сояи Худо бар саратон 🌸🌱Саломатӣ бар вуҷудатон 🌱🌸Сарсабзӣ дар хонаҳоятон 🌸🌱Саховати Худо дар молатон 🌱🌸Сарнавишти некӯ дар умратон 🌸🌱Субҳатон бахайр ❣🌱🌸
    1 комментарий
    7 классов
    Латофат Ибрагимова КАФАН ВА ШУСТАНИ МАЙИТ... Ҳамеша мехостам, ки тарзи пора кардани кафанро омӯзам ва чӣ гуна маӣитро мешӯянд бидонам. Шабе, ки холаам охирин дидор бо кулбаи вайронааш дошту меҳмони рӯзи охирини хонаи худ буд, яке аз муйсафеди (миёнаумр буд) ҳамсояааш омаду қаду қомати ӯро бо сони сафед чен карду ба хонаи дигар гузашт ва тарзи пора кардани кафанро ба пуррагӣ фаҳмонид. Аниқтараш худаш пора карду, таъкид кард, ки омӯзед, ёд гиред. Ҳар фарди мусалмон дар байни авлоди худ, хешу табори худ бояд инро бидонад. Ва 3 дастпушакҳоро, ки барои шустани мурда буд, худаш пора карду ба ману холаам омӯзониду ман бо кукҳои майда онҳоро хуб духтам. Инҷо фаҳмидам, ки танҳо дастпушакҳо барои шустан дӯхта мешаваду халос. Боқимондаи кафан, ки (барои занон) иборат аз ду чодару курта, тагпушҳои зан, рӯймол, пешбандакҳо барои шустан дӯхта намешаванд. Ва баъдан таъкид кард, ки мурдашуй низ ай байни худатон бошад боз хубтар аст. Ҳамин қадар фикр карданд, касе дар байни авлод пайдо нашуд. Ростӣ хешу табори пиронсоламон, ки ҳамеша ба ин кор сару кор доштанд хеле зиёд буданд, вале оҳиста оҳиста пайи ҳам рафтанд ба дунёи хомӯшон. Ва ҳамагӣ қариб сину солашон ҷавонтарҳо мондаанд. Ва хеле фикр кардаму ғамгин шудам ва ба он мӯйсафед савол додам, чаро маҳз калонсолҳо бояд мурдаро шуяд. Дар ҷавоб гуфт, ин фикр хато аст, чӣ ҷавон чӣ пир фарқ надорад, ҳар касе ҷуръат дорад шуштан мегирад. Чун солҳои пеш одат буду ҳамеша калонсолон мешустанду ҷавонон ҳарос доштанд, аз ин рӯ одат шуду рафт. Шукри Худо холаҳом бисёриянд. Ва дидам, ки касе ҷуръати пешсафӣ накардаистодааст. Ва хуб фикр кардаму гуфтам, ман мешӯям. Вале касе бояд бори аввал рафти шустанро ба ман хуб фаҳмонад. Як холаву ду тағои очаам дар ноҳияи Фархор зиндагӣ мекунанд. Онҳоро ҳам ба ҷаноза хабар карда буданд. Яке аз холаҳоям зуд гуфт, ки холаи Садбарг бисёр шуштааст хуб медонад, лекин то куҷо зуру қувваташ мерасад номаълум. Вақте ки омад агар худаш ба кала гираду шуяд хуб, агар не ба ту мефаҳмонад ту мешуӣ. Ман розӣ шудам. Ва омадани ӯро то субҳ интизор шудем. Субҳи хеле барвақти 5- уми июн омаданд. Он ду тағоии очаам бе хоҳарашон ҳеҷ тую маъракаи хешу табор ҳаргиз нарафтаанду намераванд. (Бародариву хоҳарӣ ба онҳо ҳалол бошад, беҳад муомилаи хуб доранду он ду бародар ҳурмати хоҳарро ба дараҷаи олӣ иҷро мекунанду ҳамеша дар зиндагияш кумакаш мекунанд). Ва холаи очаам омаду очаи ман духтари калони оилаашон, яъне апаи калони ҳамаашон, ки аст ба холааш ҳолати корро гуфт. Ва ӯ гуфт, ки қуввати пештарам дигар нест, инчунин каме беморам, агар апаву хоҳаротон касе бошад мефаҳмонам худатон шуштан мегиреду худам ҳам кӯмак мекунам. Ҳамин замон яке аз хоҳарони очам (холаам) гуфт, ки Латофат мешуяд. Ва холаи очам маро пешаш файрод карду бо лафзи кампирӣ чанд саволе дод: Бачам дилат мекашад? Тарсу ҳарос надорӣ? Нашавад, ки вақти шуштан тарсиву рад кунӣ? Гуфтам не наметарсам, бале мешӯям. Ростӣ худам ҳам хеле боз мехостам, ки бояд омӯзам. Ва холаи очаам омадан замон хеле гиряву нола карду тахминан соати 05:55- и субҳ ба шустан шурӯъ кардем. Як холаам обгармкуну обёр шуданд, як холаи дигараму як духтари худаш, яъне холаи Худораҳматиям такягиру духтари амаи очаам, ки қудои холаи Худораҳматиям буданд, обрез шуданду бо кӯмаки ҳамон холаи очаам ман бадани як пойдоштаи холаамро😭😭😭 ба шустан шурӯъ кардам. (Чилики калони пойи чапу, як бари аз зону поёни почаи росташро низ 3 сол пеш ва аз зону поёни пойи росташро пурра ду сол пеш бо сабаби бемории қанд бурида дар ҳамон ҷое, ки ҳоло қабрашро кандаанд, бурда гӯр карда буданд, як чашмаш низ бо сабаби қанд доштанаш ба пуррагӣ барои ӯмрбод кӯр шудаву як чашми дигараш низ ки кӯр шуда буд, барои ҷарроҳӣ имкон буд рӯзи 8- уми майи соли 2024 дар клиникаи Асан ҷарроҳӣ карда будем, баъди ҷароҳӣ каму беш чашмаш дида буд ва аз ин хеле хурсанд шуда буд, ба худаш нагуфта будем, ки як чашмаш дигар ҳаргиз дида наметавонад. Ҳамроҳаш барои ҷарроҳии чашм дар Асан ману тағоям якҷо будем). Худи ҳамон холаи очаам ҳам кам кам ҷойҳои баданро шустан гирифту фаҳмондан гирифт. Хулоса холаамро пурра бо ҳама қоидаҳочш, ки холаи очаам фашмонд шуштам. Дар болои қолини хона кафанро як як ҷо ба ҷо гузоштан гирифтанд. Аввалан ду чодарро болои ҳам гузоштанду куртаи онро, ки пешаш дарозу пушташ кӯтоҳ буду бо даҳони чок (ҷойи каларо дохтан) болои он паҳн карданд. Ва холаамро, ки хеле вазнин шуда буд, бо кумаки як писарашу тағояму (баъди шустан писару додарашро файрод карданд, ки кӯмак кунад) ҳамагимон болои он гузоштем. Дар авал тагпушҳои онро ба бадани яхшудаи холаам пӯшонда, баъдан куртаашро ҳам хуб пӯшондаву румолашро дар сараш мисли кудаки навзод хуб печондаву куртаашро ҳам пурраву дуруст пушондем. Ва дар охир бо он ду чодар холаамро пурра махкам кардему бори охир ҳамагӣ бо ӯ хайрбод кардем.😭😭😭 Писари хурдияш, ки дар Русия буд, тариқи вотсап бо модараш талху зор гириста хайрбод кард. Бисёр ҳолати талху вазнине буд, ки маро иҳота карда буд. Вале бо як азоб худро доштаму корро то охир анҷом додам. Ва дар охир холаи очам, ҳамагӣ "хеле духтари боғайрату ба дилу гурда будай" гуфта аҳсан гуфтанд. Ман қарзи холадориро иҷро кардаму ҳеҷ кори мушкиле накардам гуфта ҷавобашон додам. Он қадар кори мушкиле нест, танҳо камтар ҷуръат лозим аст, халос. Вале агар майит одами наздикат бошад, ин кори саҳле нест, чунки баробари шустан ҷигарам месухту хеле афсус мехурдам, ки охир хеле ҷавон буду дар ҳаёт азоби зиёд дида буд. Холаам пашаро ҳатто озор намедод. Ӯ маро ҳамеша бо як садои маҳину дилкаш Латооооф садо мекард, ки он садо ҳамеша дар гӯши ман дигар боқӣ мемонад. Бо он ҳама зиндагии фақиронааш хеле бамеҳру меҳмондустдор буд. Ҳамеша чашмаш ба роҳи меҳмон зор буду муштоқи дидори одам буд, ки нишинаду ба гуфти худаш чақ-чақ кунад. Зиндагии фақирона дошт, 4-5 соли охир дар беморхонаҳои Балҷувони Данғараву Душанбе шабу рӯзашро гузаронида буду гуфти худаш аз оби беморхонаҳо чой менӯшид. Розгушкуну хоҳари дӯстдори очам буд. Холаам, ки зиндагии фақирона дошт, фикру хаёли очам ҳамеша ба ҳамин хоҳараш буд. Ҳамеша кумакаш мекард. Очаамро очаву атаи маро на язна, балки ата мегуфт. Чунки падарам низ уро хеле дӯст медошту ҳамеша дар ҳама кораш аз атаи ман маслиҳат мепурсид. Ин буд, ки атам низ дар болои тобуташ зор зор гирист. Дирӯз баъди ба хок супурдандани холам, ҳангоми ба Душанбе баргаштанамон ду духтараш, ки хеле ҷавонанд миёни падарамро сахт доштаву хеле гиряи талх карданду аз атам хоҳиш карданд, ки язнаҷон баъди очам рафтан мабодо боз моро напартоеду меҳратонро аз мову хонаи мо канда накунед. 😭😭😭😭 Рӯзгори талхе, ки холаи 51 солаи ман- Файзигул дар ин умри кутоҳаш дошт, Худо ба душмани одамӣ ҳатто ҳаргиз нишон надиҳад. (Қиссаи умри кӯтоҳи азобдидааш як китоб мешавад) Модараш низ (момаи модариям) дар синни хеле ҷавон 56- солагӣ бо сабаби бемории саратони меъда аз дунё гузашта буданд. Ҳамин тавр холаамро, ки дар дил ҳазору як умеду орзуҳо дошт, (ду духтарашро хонадор карда буду ду бачааш ҳоло оиладор нашуда буданду ҳамеша орзу дошт, ки бачаи калонашро туй кунаду келинашро бо чашми ҷарроҳишудааш хуб бубинад баъдан дар дилаш армон намемонад) ва бо бадани афгору азобдида дар мазори Хуҷачилони болои деҳаи Мулкон дар поёни қабри падараш (бобоям) соатҳои 9-и саҳари рӯзи 5- уми июни соли равон ба хоки хунук супурданд...😭😭😭😢😢😢😢 Баъди холаи беозорамро дар хок супурдан ҳатто ҳавои офтоби нохост ба борон табдил ёфт. Гуё осмон ҳам барояш мегирист.😭😭😭 Хонаи охиратат ҷаннати ҷовидон бошаду аз оби ҳавзи кавсар сероб гардиву ҳамнишин бо паёмбарон бошӣ, холаи азобдидаам, холаи Файзигул. 🤲🤲😭😭😭
    11 комментариев
    22 класса
    24 майи соли 2024, соати 11:15, Ҳикоятмоҳи Раҷабалӣ, соли таваллудаш 1999, зодаи ноҳияи Ш.Шоҳин, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, аз сабаби ба миён омадани муноқишаҳо ва бо мақсади авассути таҳдид моил намудан ба таъмини молиявии худ ба хонаи марди 38-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, ки қаблан бо вай робитаи ошиқона дошт, рафтааст, вале номбурдаро пайдо накардааст. “Сипас, бо мақсади тарсонидани ошиқи собиқаш Ҳикоятмоҳи Раҷабалӣ ба лаби тирезаи роҳрави ошёнаи 5-ум баромада, пойҳояшро ба қисмати кӯча кашол карда, ба он мард занг зада, талаб намудааст, ки ба хонааш баргашта, бо ӯ вохӯрад. Ҳангоми гуфтугӯ Ҳикоятмоҳи Раҷабалӣ ногаҳон лағжида, ба болои долони ошёнаи якум афтида, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст. Bазъи саломатии ӯ вазнин арзёбӣ карда мешавад. Дар видеои нашршуда дида мешавад, ки дар охирин лаҳзаҳои пеш аз афтодани ӯ як мард кӯшиш мекунад, ки Ҳикоятмоҳро ҳангоми афтиданаш аз дастонаш бидорад, вале ӯро дошта наметавонанд. Корбарон менависанд, ки бояд мардони ба истилоҳ “ҳарҷогард”-е, ки ба хотири нафси худ занони оҷизу дастнигар ва беҳуқуқро ба чунин ҳолатҳои ночорию навмедӣ меоранд, низ барои бемасъулиятиашон ба ҷазо кашида шаванд.
    21 комментарий
    14 классов
    Кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ шаҳрвандон Каримбекова Сарвиноз Акбарҷоновна, санаи таваллудаш 21.04.2002, истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор ва Ҷураева Фарзона Акрамбоевна, санаи таваллудаш 08.01.2005, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Саҳборо дастгир намуданд, ки дар ҳолати сархушӣ даст ба қонуншиканӣ задаанд.
    6 комментариев
    2 класса
    Дуруд дустон. Зиндагии инсон пур аз муамост.Ягон инсони руйи дунё намедонад,ки баьди як соат уро чи интизор аст .Хамин тавр не ? Баьди кариб 20 сол ман бори дигар дуст,хамсабак гуям ,хато намешавад,Гулнора Хусейноваро таввасути нафаре тасодуфан ёфтам. Аммо саломатиаш хуб нест,дасти кутох дорад. Гулнора Хусейнова мухассили шуьбаи филологии ДДМТ буда ,онро баробари мо соли 1996 ум хатм кардааст. Хангоми дар шуьбаи Ахбор и ТВТ фаьолият доштанам якчоя кор мекардем. Он солхо моро зиёд ба хонаашон мехмони даьват мекард.Рахмати модараш бисёр кадбонуи чирадаст,дилкушод,мехрубон буданд.Падараш солхои зиёд ба хайси мудири шуъбаи фарханги шахри Хучанд фаьолият доштааст. Аммо баьди дар мухочират ба садама дучор шудан харду пойхояшро бурдаанд ва солхои сол маьюбу бистарист.Гулнора парастори падар аст. Аммо имрузхо худаш ниёз ба дастгири,кумаки моддист. Ба дарди саратон гирифтор аст. Касе агар тавонад,кумаки худро дарег надорад. Боки, саломат бошед. Раками телефони Гулнора Хусейнова +992934455505 Шахлои Начмиддин 🌹
    7 комментариев
    7 классов
    Бахт Ассаллому алайкум апаи Шахло ва дигарон. Баьди 17 соли оиладори фахмидам,ки шавхарам зани пинхони дорад ва боз сохиби писарча аст аз у. Ман се писар дорам.Дуне ба чашмонам торикистон гашт.Ин чавонзан бо ашки шашкаттор накл кард,ки гуё шавхари ман чанд сол пеш зориву тавалло карда гуфтааст,ки занам таваллуд намекунад,бие маро гир,ба ман фарзанд даркор аст. Ба ин комедия хушдоманчонам хам куш будааст.У хатто шарм накарда хостгори рафтааст ба хонаи ин духтар.Шавхарам уро духтари хона бо туй тамошо дар ресторани Гулдаста гирифтааст.Мани сода бехабар хар як тини шавхарамро сарфа намуда барои худаш сарф мекардам.Моро боре бо кудаконам ба ягон чо тамошо набурдааст. Аммо зани дуюмашро бо писарчааш хар хафта ба дараи Сафеддара мебурдааст. Афсус...хеле гиристам..эх дунё чаро ба ивази бовафои,мухаббати пок ин кадар хиенат, пинхонкори насибам гашт. Эх марди хонадонам,умед,бовариамро шикасти. Хеле озурдаам..... Бо эхтиром П.
    28 комментариев
    20 классов
    "Барфҷанг" Солҳои донишҷӯӣ, зимистони 2001 буд . Фасли дай ҳукмрон бошад ҳам аз барф дараке набуд. Ҳама гӯё кайҳо ба зимистони бебарф одат карда будем. Вале як шом барфи лак-лакӣ ба боридан сар кард. Танҳо ин замон ҳамагон дарк карданд, ки зимистон бо барф зеби дигар доштааст. Ҳарорати ҳаво муътадил бошад ҳам, барф ҳамоно меборид, ки меборид. Пагоҳи дигар ҳама аллакай як дилгармии зиёде ба барф доштанд. Кӯдакону ҷавонон ва калонсолон ҳама ба сайри Душанбеи барфин баромада буданд. Давраи санҷишу имтиҳонҳо буду дарсҳо ба охир расида буданд. Мо ҳамкурсон духтару писар якҷоя ба барфбозӣ шурӯъ кардем. Ҳаяҷону шодии моро ҳадду канор набуд. Гурӯҳ-гурӯҳ донишҷӯёни дигар низ дар атрофи шаҳраки донишҷӯён ва баъзе сокинони пойтахт дар кӯчаҳои шаҳр мисли мо барфбозӣ доштанд. Духтарон писаронро бо барф мезаданду писарон духтаронро . Ҳама шавқманди ин бозӣ ба ягон шахси раҳгузар низ аҳамият намедодем. Дар ин зимн касе аз ҳамкурсон Зулайхоро бо барф заду ӯ аз мо бачаҳо қасд гирифтанӣ шуд. Мо ҳамин тавр ҳамдигарро нишон мегирифтему касе ба нишон мерасид ғолиб ҳисоб меёфт. Аз афташ Зулайхо аз барф каме лат бардошта буд. Ӯ барои он ки аламашро ситонад, ин навбат дар дохили барф яхпорае гузошта онро бо барф печонидаасту ин сӯ -он сӯ нигоҳ карда сайди муносиб меҷуст. Ин дам яке нигоҳаш ба ман афтод, ки нисбат ба дигарон ба ӯ наздиктар истода будам. Зулайхо барфро бо тамоми қувваташ ба сӯи ман ҳаво доду ман як бало карда худамро ба дигар самт гирифтам ва аз барфи задаи ӯ наҷот ёфтам. Барфи Зулайхо ба ман нарасид. Аммо.. Як нафар устоди кӯҳансоли мо , ки пагоҳи дигараш аз ӯ бояд санҷиш месупоридем, ин дам аз роҳ мегузаштаасту (баъди анҷоми дарс аз шаҳраки донишҷӯён ба хонааш мерафт) барфи ҳавододаи Зулайхо омада рост ба қисмати рӯю гардани устод расид. Устод "воҳ" гуфта дудаста рӯяшро дошта ба замин нишастанд. -Эъ бар падаратон лаънат, ин чӣ бало буд, устод зери лаб чизе мегуфту гиребону рӯяшро аз барф тоза кардан дошт. Бачаҳо танҳо ин замон фаҳмиданд, ки кадоме тасодуфан устодро бо барф задааст. Зулайхоро ранги рӯяш парида буд. Бачаҳо аз воқеа хабардор шуда , ҳама худашро ба қисмати нишебии роҳ , шафати кӯпруки Душанбе буриши хиёбони Ҳофизи Шерозӣ партофта пинҳон шуданд. Хушбахтона устод ҳарчанд ба ин сӯву он сӯ нигоҳ мекард, касеро надид ва аз куҷо омадани барфпораро ҳам дарк накард. Чанд муддат устод , ки ҳанӯз дудаста руяшро бо дастонаш пӯшида буду молиш медод, ин тарафу он тараф қадам зада , шахси барф партофтаро меҷуст. Бачаҳо алайкай паси дарахтони арча пинҳон шуда буданд ва интизори он буданд, ки устод кай ин маконро тарк мекарда бошад. Иттифоқан аз гурӯҳи дигар донишҷӯёни курси дуввум ду -се нафар он роҳро гузар мекарданду аз асли воқеа бехабар устодро дида хандакунон салом доданду дудаста вохӯрӣ карданд ва аз шафати роҳ қадамзанон рафтанд гирифтанд. Ҳамин хандаи донишҷӯён ба устод маъқул нашуда монд . Инҳо чизеро медонистагӣ барин, аз дил гузаронд устод. Аҷаб не ҳаминҳо барф зада бошанд. Ин хандаи онҳо ханда не, талхханда буд. Ҳоле истед ман ба Шумо нишон медиҳам барфзаниро. Устод ҳамин тавр як -ду нимнигоҳе ба сӯи донишҷӯён карда , чеҳраи онҳоро ба хотир гирифту ба роҳаш давом дод. Мо ба бозиамон хотима дода бошем ҳам, аммо Зулайхо ором намегирифт. Ӯро таскин доданӣ шудем, ки хайр чӣ шудааст, каме барфпора ба устод расидааст, охир устод лат наёфта бошад, аз чӣ бояд биҳаросем? -Охир ман даруни барф яхпорае гузошта будам, то ки шумоён лат ёбед,, Зулайхо ин замон надониста сирро фош карду ҳоло суханаш тамом нашуда, даҳонашро бо дастонаш пӯшида монд ва беихтиёр "ииииии" гуфта монд. -Эҳее, ана гап дар куҷо будааст , гуфта монд як ҳамкурсам. -Аҷаб не устод сахт лат хӯрда бошад, гуфта монд дигаре, - кори хуб нашуд, устод куҳансол аст. Баъди шунидани ин суханон мо низ ба андеша рафтем, ки акнун пагоҳ чӣ мешавад. Зулайхо ҳатто гумон дошт, ки агар устод фаҳмида монад, аҷаб не ӯро аз донишгоҳ хориҷ кунад. -Аздусар моро касе надидааст ин ҷо, агар касе пурсид мо ин ҷо набудем. Ҳамин тавр маслиҳат кардему бачаҳо ба ҳар сӯ парешон шуданд. Пагоҳи дигараш санҷиш сар шуду мо ҳаросон ба синфхона ворид шудем. Дили ҳамаро сиёҳӣ пахш карда буд. Аммо баракси кор устод нисбати гурӯҳи мо ҳалиму меҳрубон буд. Ҳамагӣ санҷишро ба осонӣ супоридем. Ҳатто бачаҳои бо баҳои қаноатбахш таҳсилкунанда бе ягон мушкилӣ санҷишро супорида шодон аз синфхона берун шуданд. Баъзеҳо ҳатто гушакӣ карда мегуфтанд, ки ин меҳрубонӣ аз натиҷаи барфи Зулайхост. Аммо баъдан маълум шуд, ки гурӯҳи дигар қариб ҳамаашон аз санҷиш нагузаштаанд. Устод чизеро баҳона карда аз бачаҳо қасд гирифтанӣ шудааст. Бачаҳои он гурӯҳ ҳамагӣ хашмгин буданд. - Охир кадом беақле устодро бо барф зада бошад, ин ҷо гуноҳи мо чӣ? Ба номи худо қасам ки мо он рӯз барфбозӣ надоштем. Устод ғалат мекунад. Ҳамин тавр ин баҳс қариб як ҳафта давом кард. Танҳо баъди дахолати деканат ва огоҳӣ барои донишҷуён, ки нисбати устод гӯё "беҳурматӣ" кардаанд, бачаҳои он гурӯҳ санҷишро супорида нафаси сабук кашиданд. Мо бошем ҳамагӣ он ҳодисаро махфӣ нигоҳ доштем. То ҳол касе намедонад, ки устодро он рӯз кӣ бо барф зада буд. Нурмуҳаммад Рахими
    1 комментарий
    8 классов
    Дуруд дустони азиз. Сулх ба хонадони хар яки шумо. Субх дустам Маринаи украиниро дидам.Дугоник духтархояшро ба богчаи кудакона мебурд.Пурсидам,ки Марина,шавхарат точик аст?Хайрон шуда гуфт,на,чаро чунин пурсон шуди? Гуфтам духтарони дугоникат чашму абрувони сиех доранд, шабехи точикони мо хастанд. Бо чашмони ашкбор гуфт : -Ин кисса дароз аст.Хулосаашро мегуям:ман тамоман фарзанд таваллуд карда наметавонам,инхо ятиму бепарастор буданд, ману шавхарам онхоро дар 2 солаги аз хонаи кудакон гирифтему фарзанд хондем.Номхояшон Алёна ва Алина. Шояд падараш точик буд,рости намедонам.Директори сагерахона гуфт,ки кудакон бо сабаби халокати фочиавии падару модар дар садамаи хавопаймо ятим мондаанд. Онхоро ману шавхарам чун гахвараки чашм эхтиет мекунем. Бо Марина хайрухуш кардаму дилам гамгин шуд,одами эхсоси ки хастам,даррав фикрам дар падару модари фавтидаи ин кудакон рафт.Худованд касеро бе нишон аз падару модар махрум насозад харгиз. Боки,саломат,саодатманд бошед азизон. Шахлои Начмиддин 🌹 🌹 🌹 🌹 🌹
    3 комментария
    14 классов
Показать ещё