Фильтр
Все темы

АССАЛОМУ АЛЕЙКУМ ДУСТОН, МУХЛИСОН ВА ҲАВОДОРОНИ ГУРУҲИ ◆❁✿-КиТоБи ЗиНдАгИ-✿❁◆

БАРОИ БАРТАРАФ НАМУДАНИ ХАСТАГИИ ШУМО ТАСМИМ ГИРИФТЕМ БА ТАВРИ БОЗИ БАРНОМАЕРО ПЕШКАШИ ШУМО НАМОЕМ

ТАРТИБ ВА ШАРТИ БОЗИ ЧУНИН АСТ: 👇👇👇👇👇👇👇👇👇👇 ҲАР ЯКЕ АЗ ШУМО БО ТАРТИБИ МУАЙЯН РАҚАМҲОРО АЗ 1 ТО 10 МЕНАВИСЕД. ВАҚТЕ КИ НАВБАТ БА РАҚАМИ 9 МЕРАСАД , НАФАРЕ,КИ РАҚАМИ 9 РО МЕНАВИСАД БА НАФАРЕ,КИ РАҚАМИ 10 РО НАВИШТА МЕНАМОЯД СУОЛЕ ПЕШНИХОД МЕНАМОЯД. СУОЛ БОЯД ДАР ЧАҲОРЧӮБАИ ОДОБ ПЕШНИҲОД ШАВАД:( ХАДИС ГУЕД, САЛАВОТ ФИРИСТЕД, ПАНДЕ ГУЕД, ШЕЪРЕ ДАР ВАСФИ МОДАР, ВАТАН ,МЕҲАН) БОВАРИ ДОРЕМ ИН БОЗИ ПИСАНДАТОН МЕОЯД ВА ШУМО ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНА МЕНАМОЕД... БА КАСЕ НОФАҲМО БОШАД ,ШАРМ Н
𝐀 ⋆ 𝐊 ⋆ 𝐁 ⋆ 𝐀 ⋆ 𝐑 彡
добавлена 1 июля 2020 в 02:42
𝐀 ⋆ 𝐊 ⋆ 𝐁 ⋆ 𝐀 ⋆ 𝐑 彡
добавлена 28 ноября 2017 в 16:32
𝐀 ⋆ 𝐊 ⋆ 𝐁 ⋆ 𝐀 ⋆ 𝐑 彡
добавлена 9 сентября 2016 в 17:24

МОДАР...🌼

----------------🌼🍃🌼----------------
ЭЙ, БАРОДАР ДОРӢ, МОДАР АЗ БАРОЯТ ДАВЛАТ АСТ,
ДАР НАМОЗАШ МЕКУНАД, ҲАР ДАМ ДУОЯТ ДАВЛАТ ACT.
ГАР БИЁЙ, АЗ САФАР МЕҲМОН ДАР ПУШТИ ДАРАШ,
ЛАҲЗАЕ ХАНДИДА ПЕШАТ МЕБАРОЯД, ДАВЛАТ АСТ.

ШОҲБАЙТ...📖

__________🥀📖🥀__________
........Аз насиҳат ноқисон комил шаванд,
........В-аз насиҳат мудбирон муқбил шаванд.
........Аз насиҳат зинда гардад ҳар диле,
........В-аз насиҳат ҳал шавад ҳар мушкиле.
✍️Абдураҳмони Ҷомӣ

ДӮСТИ ҲАҚИҚӢ...

__________🌼🍃🌼__________
..........Дӯсти ҳақиқӣ чун соя аст. Хоҳ рост бошӣ,, хоҳ қомати шикаста, ҳаргиз туро тарк намекунад...

ПАДАР...🍃

_________🌼🍃🌼_________
🍃 Ҳаркӣ хӯрд дар кӯдакӣ, як бурда аз нони падар,
Кам бувад то умр бӯсад, дасту домони падар.
🌼 Хонааш равшан шавад, аз рӯи тобони падар,
Мекунам ҷону дилам, сад бор қурбони падар.
🍃 Хулқу одобе ба фарзанд, аз падар мерос бувад,
З-ин сабаб фарзанд мудом аст, шавкату шони падар.
🌼 Хонаи торик шавад, равшан, зи ҳастии кӯдакон,
Рӯи фарзанд аст, чароғи давру даврони падар.
🍃 Лаҳзае дар хонааш, гар дер биёяд бе сабаб,
Дар сари роҳ интизор аст, чашми ҳайрони падар.
🌼 Ногаҳон дар пои фарзанд, гар халад як хору хас,
Хун чакад беихтиёр, аз чашми гирёни падар.
🍃 Гар падар, теғи забоне хӯрда аз фарзанди худ,
То тамоми умри худ, дард мекунад, ҷони падар.

ҲИКМАТИ ЗИНДАГӢ...📖

________🍃📖🍃________
.....Умри одам қиммат асту, лек дар бозор нест,
.....Бесамар бурдан варо дар зиндагй душвор нест.
.....Дар табиат фаслҳо такрор ёбанд аз дигар,
.....Лек умри рафтаро бори дигар такрор нест.

МОДАР...🤍

_______🌹🤍🌹_______
......Намехоҳам ба рӯяш гард бошад,
......Дилаш дар зиндагони сард бошад.
......Тавалло дорам аз Холиқи якто,
...... Вуҷуди Модарам бедард бошад.

ҲАҚИҚАТИ ЗИНДАГӢ...🌼

__________🌼🍃🌼__________
........Пушти зеботарин лабханд бештарин розҳо нуҳуфта аст...
...........Зеботарин чашм бештарин ашкҳоро рехта аст...
.........Меҳрубонтарин қалб бештарин дардҳоро кашида аст.

ПАНДНОМА...📖

__________🍃📖🍃__________
........Зинҳор бадию бадгумонӣ накунед,
........Найранг дар ин ҷаҳони фонӣ накунед.
.......Ҳар кор, ки мекунед ин кори шумост,
........Бо роҳи фиреб зиндагонӣ накунед.

ПАНДНОМА...📖

________🍃📖🍃________
......Ҳар вақте, ки мутаваҷҷеҳ шудед, ки хеле аз ҳад зиёд ғуссаи ин дунёву дирӯзе, ки гузашту... фардое, ки ҳанӯз наомадаастро мехӯред...
Ба ёди ин ду байти Хайём биафтед,, ки мегӯяд:👇
🍃 Эй дӯст, ғами ҷаҳони беҳуда махӯр,
Беҳуда ғами ҷаҳони фарсуда махӯр.
Чун буд гузашту нест нобуд падид,
Хуш бошу ғами будаву нобуда махӯр.🍃
Умари Хайём ✏️

КАМЕ ҲАЗЛ...

— Имом дар масчид гуфт:
"Ба ҳамсаронатон эҳтиром бигзоред ва таъриф кунед !"
— Мард ба хона рафт.
— Зан хӯрокро овард.
— Мард хӯрд ва ба ҳамсараш бо меҳр ва муҳаббат нигоҳ кард ва гуфт: "
Ма Шаа Аллоҳ болаззаттарин хӯроке, ки дар умрам хӯрдаам."
— Ҳамсар гуфт :
-Чӣ? Ман 21сол шуд ба ту хӯрок мепазам ту ягон вақт инро ба ман нагуфтӣ ! Ва имрӯз, ки ҳамсоя хӯрок овард, мегуӣ болаззат аст ?🤭😅

РӮЗЕ МЕМИРАМ ОХИР...

__________🍃📖🍃__________
Куҷо гардам, зи пушти зар, ки рӯзе мемирам охир,
Куҷо созам ба боло сар, ки рӯзе мемирам охир.
Ғами ишқу, ғами ҳиҷрон, чӣ суд аз ин, чӣ суд аз он?
Чӣ суд аз нолаву ғавғо, ки рӯзе мемирам охир.

ПАНДНОМА...📖

________🍃📖🍃________
......Ба қабристон дӯстам, як назар кун,
......Даме фикри ҷаҳон аз сар бадар кун.
......Бубин, зери замин хобанд, киҳоянд,
......Ҳамонҳоянд, ки рафтанд, пас наоянд.

ПАНДНОМА...📖

........ Сабақ омӯзам аз савдои ҳастӣ,
......... Биҷӯям ҳар баландиро зи пастӣ...
......... Якеро маст карда моли дунё,
......... Зи худ бегона аз дунёпарастӣ...
     . ✍️Зебуннисо_Шокирова.

ПАНДНОМА...📖

__________🍃📖🍃________
.....Дунёи фонӣ бубин, аҷаб тезгузар аст,
.....Кас омадаву дигар ба роҳи сафар аст.
......Он омада аз кори ҷаҳон бехабар аст,
........Ин рафта ба зери хок хуни ҷигар аст.
Показать ещё