Фильтр
Все темы

АССАЛОМУ АЛЕЙКУМ ДУСТОН, МУХЛИСОН ВА ҲАВОДОРОНИ ГУРУҲИ ◆❁✿-КиТоБи ЗиНдАгИ-✿❁◆

БАРОИ БАРТАРАФ НАМУДАНИ ХАСТАГИИ ШУМО ТАСМИМ ГИРИФТЕМ БА ТАВРИ БОЗИ БАРНОМАЕРО ПЕШКАШИ ШУМО НАМОЕМ

ТАРТИБ ВА ШАРТИ БОЗИ ЧУНИН АСТ: 👇👇👇👇👇👇👇👇👇👇 ҲАР ЯКЕ АЗ ШУМО БО ТАРТИБИ МУАЙЯН РАҚАМҲОРО АЗ 1 ТО 10 МЕНАВИСЕД. ВАҚТЕ КИ НАВБАТ БА РАҚАМИ 9 МЕРАСАД , НАФАРЕ,КИ РАҚАМИ 9 РО МЕНАВИСАД БА НАФАРЕ,КИ РАҚАМИ 10 РО НАВИШТА МЕНАМОЯД СУОЛЕ ПЕШНИХОД МЕНАМОЯД. СУОЛ БОЯД ДАР ЧАҲОРЧӮБАИ ОДОБ ПЕШНИҲОД ШАВАД:( ХАДИС ГУЕД, САЛАВОТ ФИРИСТЕД, ПАНДЕ ГУЕД, ШЕЪРЕ ДАР ВАСФИ МОДАР, ВАТАН ,МЕҲАН) БОВАРИ ДОРЕМ ИН БОЗИ ПИСАНДАТОН МЕОЯД ВА ШУМО ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНА МЕНАМОЕД... БА КАСЕ НОФАҲМО БОШАД ,ШАРМ Н
𝐀 ⋆ 𝐊 ⋆ 𝐁 ⋆ 𝐀 ⋆ 𝐑 彡
добавлена 1 июля 2020 в 02:42
𝐀 ⋆ 𝐊 ⋆ 𝐁 ⋆ 𝐀 ⋆ 𝐑 彡
добавлена 28 ноября 2017 в 16:32
𝐀 ⋆ 𝐊 ⋆ 𝐁 ⋆ 𝐀 ⋆ 𝐑 彡
добавлена 9 сентября 2016 в 17:24

ПАНДНОМА...📖

__________🍃📖🍃__________
........Зинҳор бадию бадгумонӣ накунед,
........Найранг дар ин ҷаҳони фонӣ накунед.
.......Ҳар кор, ки мекунед ин кори шумост,
........Бо роҳи фиреб зиндагонӣ накунед.

ПАНДНОМА...📖

________🍃📖🍃________
......Ҳар вақте, ки мутаваҷҷеҳ шудед, ки хеле аз ҳад зиёд ғуссаи ин дунёву дирӯзе, ки гузашту... фардое, ки ҳанӯз наомадаастро мехӯред...
Ба ёди ин ду байти Хайём биафтед,, ки мегӯяд:👇
🍃 Эй дӯст, ғами ҷаҳони беҳуда махӯр,
Беҳуда ғами ҷаҳони фарсуда махӯр.
Чун буд гузашту нест нобуд падид,
Хуш бошу ғами будаву нобуда махӯр.🍃
Умари Хайём ✏️

КАМЕ ҲАЗЛ...

— Имом дар масчид гуфт:
"Ба ҳамсаронатон эҳтиром бигзоред ва таъриф кунед !"
— Мард ба хона рафт.
— Зан хӯрокро овард.
— Мард хӯрд ва ба ҳамсараш бо меҳр ва муҳаббат нигоҳ кард ва гуфт: "
Ма Шаа Аллоҳ болаззаттарин хӯроке, ки дар умрам хӯрдаам."
— Ҳамсар гуфт :
-Чӣ? Ман 21сол шуд ба ту хӯрок мепазам ту ягон вақт инро ба ман нагуфтӣ ! Ва имрӯз, ки ҳамсоя хӯрок овард, мегуӣ болаззат аст ?🤭😅

РӮЗЕ МЕМИРАМ ОХИР...

__________🍃📖🍃__________
Куҷо гардам, зи пушти зар, ки рӯзе мемирам охир,
Куҷо созам ба боло сар, ки рӯзе мемирам охир.
Ғами ишқу, ғами ҳиҷрон, чӣ суд аз ин, чӣ суд аз он?
Чӣ суд аз нолаву ғавғо, ки рӯзе мемирам охир.

ПАНДНОМА...📖

________🍃📖🍃________
......Ба қабристон дӯстам, як назар кун,
......Даме фикри ҷаҳон аз сар бадар кун.
......Бубин, зери замин хобанд, киҳоянд,
......Ҳамонҳоянд, ки рафтанд, пас наоянд.

ПАНДНОМА...📖

........ Сабақ омӯзам аз савдои ҳастӣ,
......... Биҷӯям ҳар баландиро зи пастӣ...
......... Якеро маст карда моли дунё,
......... Зи худ бегона аз дунёпарастӣ...
     . ✍️Зебуннисо_Шокирова.

ПАНДНОМА...📖

__________🍃📖🍃________
.....Дунёи фонӣ бубин, аҷаб тезгузар аст,
.....Кас омадаву дигар ба роҳи сафар аст.
......Он омада аз кори ҷаҳон бехабар аст,
........Ин рафта ба зери хок хуни ҷигар аст.

ПАНДИ ЗИНДАГӢ...📖

.....Аз хок баромадем, ки одам бошем,
.....Онгоҳ ба ҳарими дӯст марҳам бошем.
.....Аз обу гили Биҳишт халқ шудем,
.....Ҳайф аст, ки ҳезуми Ҷаҳаннам бошем.

ҲАҚИҚАТИ ЗИНДАГӢ...📖

__________🍃📖🍃__________
.......Инсон нимаи аввали умраш, барои ғурураш меҷангад...
.......Ва нимаи дуввуми умраш, ба дунболи чизҳое меафтад, ки ба хотири ғурураш аз даст додааст.....

ПАНДНОМА...📖

________🍃📖🍃________
....Ҳоли нодонро, зи нодон беҳ намедонад, касе,
....Гарчӣ дар дониш фузун аз Бӯали Сино бувад.
.....Таъни нобино мазан, ай дам, зи биноӣ зада,
.....Он, ки нобино ба кори хештан бино бувад.

ПАНДРЕЗА...📖

_________🍃📖🍃_________
.....Нокасе, гар аз касе боло нишинад, бок нест,
3-он, ки хас дар рӯйи обу зери дарё гавҳар аст.

ПАНДРЕЗА...📖

________🍃📖🍃________
.....АГАР ПАНДИ ХИРАДМАНДОН, БА ШИРИНИ НАОМӮЗӢ,
.....ФАЛАК ОН ПАНДРО РӮЗЕ, БА ТАЛХИАТ БИОМӮЗАД.

ПАНДИ НИЁГОН...📖

________🍃📖🍃________
.....Агар чизи бисёр дошта бошӣ, аз молат бидеҳ, агар кам дошта бошӣ, аз қалбат бидеҳ.
✍️Ҷалолиддини Румӣ

БА КИҲО БОЯД РАҲМАТ БИГӮЕМ?...

______🍃📖🍃______
🌼...... ҲЕҶ КАС БЕҲУДА ВОРИДИ ҲАЁТИ ШУМО НАМЕШАВАД!...
......Ба онҳое, ки дар гӯши шумо “АФСОНА” гуфтанд, “РАҲМАТ” гӯед...
......Чунки шуморо аз хоби ғафлат бедор карда, ҳушёртар намуданд.✔️
🍃......Ба ононе, ки ҳақиқати талхро ошкоро гуфтанд, “РАҲМАТ” гӯед...
......Зеро чашми ақли шуморо кушоданд.✔️
🌼......Ба онҳое, ки дили шуморо озурданд, захмин карда, дард доданд, “РАҲМАТ” бигӯед...
......Онҳо бо ранҷу азоб ба шумо сабрро омӯхтанд.✔️
🍃......Барои рафторҳои ғаюронаву адоватмандонаи баъзеҳо “РАҲМАТ” гӯед...
......Чунки ба Шумо нерӯманд шуданро омӯзонданд.✔️
🌼......Ба онҳое, ки ба шумо меҳрубонӣ карданд, хурсандӣ бахшиданд, албатт

ПАНДРЕЗА...📖

****
.....Гӯши хар кӯтоҳ кардӣ, асп шуд, оё магар?
.....Ҷони ман, зотист, баъзе вижагиҳои¹ башар!
Показать ещё