1 Сураи ФОТИҲА 1. Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон! 2. Ситоиш Худоро, ки Парвардигори ҷаҳониён аст. 3. Бахшояндаи меҳрубон, 4. Фармонравои рӯзи ҷазо. 5. Танҳо Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёри меҷӯем. 6. Моро ба роҳи рост ҳидоят кун: 7. роҳи касоне, ки онҳоро неъмат додаи, на хашмгирифтагонӣ бар онҳо ва на гумроҳон.
2 Сураи БАҚАРА(гов) Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон! 1. Алиф. Лом. Мим 2. Ин аст ҳамон китобе, ки дар он ҳеҷ шакке нест. Парҳезгоронро роҳнамост: 3. « онон, ки ба ғайб имон меоваранд ва намоз мегузоранд ва аз он чи рӯзияшон додаем, инфоқ(харҷ) мекунанд». 4. ва онон, ки ба он чи бар ту ва бар паёмбарони пеш аз ту нозил шудааст, имон меоваранд ва ба охират яқин доранд. 5. Эшон аз сӯи Парвардигорашон қарини ҳидоятанд ва худ наҷот ёфтагонанд. 6. Кофиронро Хоҳ битарсони ё натарсони, фарқашон накунад, имон намеоваранд. 7. Худо бар дилҳояшон ва бар гушашон муҳр ниҳода ва бар рӯи чашмонашон пардаест ва барояшон азобест бузург. 8. Баъзе аз мардум мегӯянд: « Ба Худо ва
200. Чун маносикатонро ба ҷой овардаед, ҳамчунон ки падарони хешро ёд мекардед,--- ҳатто бештар аз он,----- Худойро ёд кунед. Баъзе аз мардум мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, моро ҳам дар дунё чизе бахш». Инҳоро дар охират насибе нест. 201. Ва баъзе аз мардум мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, моро ҳам дар дунё хайре бахш ва ҳам дар охират ва моро аз азоби оташ нигаҳ дор». 202. Инҳо аз он чӣ хостаанд, баҳраманд мешаванд ва Худо басуръат ба ҳисоби ҳар кас мерасад! 203. Худовандро дар рӯзҳое чан дёд кунед ва ҳар кӣ дар ду рӯз шитоб кунад, содиркунандаи гуноҳе нашудааст. Ҳар парҳезгоре ҳам, ки таърих кунад, гуноҳе накардааст. Аз Худо битарсед ва бидонед, ки ҳамагон ба пешгоҳи Вай ги
3 Сураи ОЛИ ИМРОН (хонадони Имрон) Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон! 1 Алиф. Лом. Мим. 2 Оллоҳ аст, ки ҳеҷ худое ғайри Ӯ нест. Зинда асту поянда аст! 3 Ин китобро, ки тасдиқкунандаи китобҳои пеш аз он аст, ба ҳак бар ту нозил кард ва қабл аз он Тавротро ва Инҷилро фиристод. 4 барои ҳидояти мардум фиристод ва Фурқонро нозил кард. Барои онон, ки ба оёти Худо имон намеоранд, азобе сахт муҳайёст ва Худо пирӯзманду интиқомгиранда аст. 5 Ҳеҷ чиз дар замину осмон бар Худо пӯшида нест. 6 Ӯст, ки шуморо дар батии модароп ба ҳар сон, ки хоста бошад, сурат мебандад. Нест худое ҷуз Ӯ, ки пирӯзманду ҳаким аст! 7 Ӯст, ки ин китобро бар ту нозил кард. Баъзе аз ояҳо муҳкамотанд, ин
Сураи ОЛИ ИМРОН аз Ояти 110 то охир! 110 Шумо беҳтарин уммате ҳастед аз миёни мардум падидомада, ки амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мекунед ва ба Худо имон доред. Агар аҳли китоб низ имон биёваранд, барояшон беҳтар аст. Баъзе аз онҳо мӯъминанд, вале бештарин фосиқонанд. 111 Ба шумо ҷуз андак озор дигар осебе нарасонанд. Агар бо шумо ҳарб кунанд, пушт кунанд ва рӯй ба гурез раванд ва пирӯз нагарданд. 112 Ҳ,ар ҷо, ки бошанд, мӯҳри хори бар онҳо зада шуда аст, магар он ки дар амони Худо ва дар амони мардум бошанд. Ва бо хашми Худо қарин шудаанд ва мӯҳри бадбахтӣ бар онҳо ниҳодаанд, зеро ба оёти Худо кофир шуданд ва паёмбаронро ба ноҳақ, куштанд. Ва ин бад-он сабаб буд, ки
4 Сураи НИСО (занон) Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон! 1 Эй мардум, битарсед аз Парвардигоратон, он, ки шуморо аз як тан биёфарид ва аз он як тан ҳамсари ӯро ва аз он ду мардону занони бисёр падид овард. Ва битарсед аз он Худое, ки бо савганд ба номи Ӯ аз якдигар чизе мехоҳед ва зинҳор аз хешовандон мабуред. Албатта Худо назораткукандаи шумост! 2 Моли ятимонро ба ятимон диҳед ва ҳаромро бо ҳалол иваз накунед. Ва молҳои онҳоро ҳамроҳ бо молҳои хеш махӯред, ки ин гуноҳе бузург аст! 3 Агар шуморо бими он аст, ки дар кори ятимон адолат накунед, аз занон ҳар чӣ шуморо писанд афтад, ду-ду ва се-се ва чаҳор-чаҳор ба никоҳ, дароваред. Ва агар бими он доред, ки ба адолат рафто
Сураи Нисо аз Ояти 130 то охир 130 Ва агар он ду аз якдигар ҷудо шаванд. Худо ҳар дуро ба камоли фазли хеш бениёз созад, ки Худо кушоишдиҳанда ва ҳаким аст! 131 Аз они Худост он чӣ дар осмонҳо ва замин аст. Ва албатта аҳли китобро, ки пеш аз шумо буданд ва низ шуморо супориш кардем, ки аз Худо битарсед, агар ҳам куфр варзед, боз ҳам он чӣ дар осмонҳо ва он чӣ дар замин аст, аз они Худост ва Ӯст бениёз ва лоиқи ситоиш! 132 Ва аз они Худост он чӣ дар осмонҳо ва замин аст ва Худо корсозиро кофист! 133 Эй мардум, агар Ӯ бихоҳад, ҳамаи шуморо аз миён мебарад ва мардуме дигарро меоварад, ки Худо бар ин кор қодир аст! 134 Ҳар кас, ки савоби инҷаҳониро металабад, бидонад, ки
5 Сураи МОИДА (таъом) Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон! 1 Эй касоне, ки имон овардаед, ба паймонҳо вафо кунед. Ҳайвоноти чаҳорпо, ғайри онҳое, ки аз ин пас бароятон гуфта мешавад, бар шумо ҳалол шудаанд ва он чиро, ки дар ҳоли эҳром сайд мекунед, ҳалол нашуморед. Худо ба ҳар чӣ мехоҳад, ҳукм мекунад! 2 Эй касоне, ки имон овардаед, шиорҳои Худо ва моҳи ҳарому қурбониро чӣ холӣ аз қилода ва чӣ бо қилода (гарданбанд) ҳурмат нашканед ва озори ононро, ки ба талаби рӯзӣ ва хушнудии Парвардигорашон нияти байтулҳаром кардаанд, раво мадоред. Ва чун аз эҳром берун омадед, сайд кунед ва бадбинӣ бо қавме, ки шуморо аз масҷидулҳаром боздоштанд, водоратон насозад, ки аз ҳадди хеш
Показать ещё