Маҳмадсаид Шоҳиён, директори “Тоҷикфилм” гуфт, ки ин филм дар тамоми минтақаҳои кишвар филмбардорӣ мешавад, вале аз гуфтани ҳаҷми умуми маблағе, ки барои он масраф мешавад худдорӣ кард. Ба гуфтаи ӯ дар ин филм ҳамчунин матолиби кишварҳои дигар ҳам истифода хоҳанд шуд, зеро ин як мушкили ҷаҳонӣ аст.
“Аз донишҷӯёне, ки дар соли таҳсили 2020-2021 ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии хориҷи кишвар дохил шудаанд ва донишҷӯёне, ки ҳангоми таътил ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, вобаста ба вазъи эпидемиявӣ ҷорӣ шудани маҳдудият ва баста шудани сарҳадҳо ба донишгоҳҳои хориҷи кишвар баргашта натавонистанд, хоҳиш карда мешавад, ки тибқи ҷадвали замимашуда ба суроғаи электронии Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм — mbb-2008@mail.ru (ш. Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода 47) маълумоти заруриро ирсол намоянд”, -таъкид доштааст вазорати маориф.
“Ҳозир ҳам вақт ҳаст, тайёриро бинед, маҳсулоту сабзавот ҳаст, захира кунед. Ина падару бобоҳои мову шумо мекарданд”, — таъкид кард Раҳмон.
Aфшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон бо нашри аксҳои деҳқонии имом-хатибон хабар дод, ки имсол ходимони дини кишвар «дастуру супоришҳои Сарвари давлат роҷеъ ба истифодаи ҳар ваҷаб замини корамро ба эътибор гирифта, дар назди заминҳои масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта кишти зироатҳои гуногунро ба роҳ монданд.”
Бино ба иттилои манбаъ, аз 30-юми апрел то санаи 15-уми сентябр 9129 нафар ба COVID-19 мубтало шуда, 7896 (86,4%) нафар шифо ёфтаанд. Бар асари он 73 нафари диагр фавтидаанд.
Показать ещё