Эй, Падар мегиряму ту дар сафар ҳасти чаро? Хонаро тарк кардиву дар хоки тар ҳасти чаро? Ҷои хобат холиву дигар намебинам туро, Болинат аз санг шуд бе бому дар ҳасти чаро? Аллоҳи меҳрубон гузаштагони ҳар яки мову шуморо раҳмату мағфират кунад.
    1 комментарий
    10 классов
    Касе, ки ҳар дақиқа аз ҳоли Шумо хабар мегирад донед, ки ними қалби ӯ бо Шумост... ☪️Юсуф
    1 комментарий
    8 классов
    Уне, ки аз инсонӣ ҳарф мезанаду амал надорад пастарин инсонаст. Эҳтиёт бош аз ингунаҳо!!! М.Шарқӣ
    1 комментарий
    20 классов
    Мегӯянд дар саҳифаҳои интернет дигар занони хушахлоқу бо имон нестиш. Агар ингуна,ки мепиндоред Чаро бо духтарони, бӯй мобайл набурдаандро хостгор намешавен!!! Занони поку боиффат бисёранд бародари хуби ман танҳо чашмони ту намебинанд. Чун ту дар ҳамон маҳал нестӣ.
    1 комментарий
    17 классов
    🌷 Одоби атса задан Атса задан ҳодисаи табиӣ ва заруратест, ки ба ҳама кас рӯх медиҳад. Пайғамбари Худо (с) Одоби атса заданро чунин баён намудаанд: Ҳар муъмин вакте атса мезанад: «Алҳамдулиллоҳ» (сипос Худоро) бигӯяд. Ҳар муъмине бародарашро дар ин ҳол мебинад, «Ярҳамукаллоҳ» (Худо туро биомурзад) гӯён дуо кунад. Дар ин сурат шахси атсазада бигӯяд: «Яҳдикумуллоҳу ва юслиҳ болакум» (Худованд шуморо хидоят карда, дардатонро шифо бахшад).
    2 комментария
    22 класса
    🥺😥😢😭
    3 комментария
    143 класса
    ЗАН КИСТ? -Ӯ ҳамонест, ки агар гиёҳе офарида мешуд, гул буд. Агар парандае офарида мешуд, товус буд. Агар ҳайвоне офарида мешуд, оҳу буд. Аммо ӯ инсон офарида шуд, дӯст, ҳамсар, бузургтарин неъмати ҳастии рӯи замин. Агар зан чизи боҳашамате намебуд, Худованд ӯро ҳуре дар биҳишт намегардонид. Агар офариниши бузурге намебуд, Паёмбараш биҳиштро зери пои ӯ қарор намедод. Ӯ ҳамон касест, ки бо додани гуле хушнуд ва бо шунидани сухани хуш, лабханд мезанад. Туфулаташ дарвозае барои биҳишти падарон аст. Сипас ӯ ҷавонест, ки дини ҳамсарро пурра мекунад. Сипас модарест, ки ҷаннат зери пои ӯст. Ӯ китобест, ки бобҳояш меҳр, муҳаббат ва меҳрубонист. Ӯ маркази меҳр ва мазҳари ишқ аст. Зебост, нахуст ӯ, сипас гул. Аҷиб офаринише аст, чун хушҳол аст,гиря мекунад ва вақте асабонӣ аст, механдад. Ӯст, ки бо ба оғӯш гирифтанаш дили шикастаро илтиём ва бо бӯсиданаш дарди тифлро даво мебахшад. Унвони беҳамтоеро барояш интихоб мекунам: ЗАН - ЗЕБОИИ НОТАКРОР !!! Ин фақат ва фақат қудрати Аллоҳи ягона аст.
    2 комментария
    25 классов
    #Ҳикояти_ибратомӯз... 📖📖📖📖📖📖📖📖📖📖📖📖📖📖 Марди #фақире чанд рӯз буд, ки бо зану фарзандонаш чизе нахӯрда буданд. Рӯзе #деҳқоне ба ин мард каме гандум дод ва мард дар роҳ, ки меомад, бо #Худо дарду дил кард ва гуфт: эй кушояндаи гиреҳҳо... #гиреҳи аз мушкилоти моро бикушо! Дар ҳамин вақт #гиреҳи аз гиреҳҳо боз шуд ва гандумҳои мард бар замин рехт. Мард гуфт: #эй Худо! Чаро ин гиреҳро боз кардӣ? Ман ин гиреҳро нагуфтам... Нишаст то гандумҳоро ҷамъ кунад, ки дид гандумҳояш дар рӯи косае аз #тилло рехта аст. Аз ҷояш хест ва гуфт: #Худоё маро бибахш! 🤲🤲🤲🤲🤲🤲🤲🤲🤲🤲🤲🤲🤲🤲 #Хулоса_аз_ҳикоят: #Ҳеҷ_кори_Худованд_бе_ҳикмат_нест!!! ⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️
    1 комментарий
    11 классов
    Мазан тӯҳмат ба рӯи миллати ман, Макун таҳқир муҳоҷир-додари ман. Макун бадному расво номи тоҷик, Ки месӯзад вуҷуди модари ман. Ки тоҷик мард буду мард хоҳад монд, Ба мисли Рустаму Масъуду Сомон. Зи хоне гар хӯрад як бурдаи нон Нахоҳад кард туф ӯ бар намакдон. Агарчи гаштааст имрӯз ӯ хор, Мадеҳ ноҳақ ту ӯро ранҷи бисёр. Мазан мӯҳри хато бар миллати ман, Ки безораст ӯ аз қатлу куштор. Диҳӣ гар баҳри ӯ як бурдаи нон, Насозад қатл ӯ аз баҳри миллион. Даруни қалби ӯ саршори меҳр аст, Чи медонӣ ту эй бемеҳру имон. Ба ҷони мо ситам бисёр кардӣ, Ту айби худ ба дигар бор кардӣ. Битарс аз оҳи мардони мусофир, Аҷаб ту миллатамро хор кардӣ. Нигаҳ кун сар ба по таърихи тоҷик, Зи Ориёӣ то имрӯзи тоҷик... Саросар сулҳу инсонпарварӣ аст, Сиёсатномаи шоҳони тоҷик. Эҳсони Фарҳод.
    6 комментариев
    178 классов
    К.ИССА. ХОТИРОТИ МУХОЧИРЕ ОИДИ МОДАРИ САХТГИР. Оиди падарам дар хотироти ман аз давраи кудакй кариб хеч чиз бокй намондааст, чунки падарам баьди издивоч кариб, ки дар хона намеистодааст. Баьди таваллуди фарзанди якумаш ману модарамро дар хонаи бобову бибиям гузошта, худ барои ефтани маблаги зиед ба ронандагй ба як шахри дур рафтааст. Дар як сол ду бор як мохй омада, тухфахо оварда, моро хабар мегирифтааст. Баьд боз гайб мезадааст. Вакте ки модарам фахмидаст, ки падарам гайри мо, боз зан ва фарзанди руссй дорад,аз падарам талаб кардаст,ки аз онхо чудо шавад. Чавоби рад додани падарамро шунида, дархол талаб кардааст, ки падарам уро талок намояд ва хамаи ороишоти худро канда партофта, маро гирифта ба хонаи падару модараш омадааст. Хеч касро бовараш намеомад, ки модари ман ба чунин кор кодир аст, чунки падарам шахси зебо, хунарманд ва пулёб буда ва занхо одатан аз чунин мардон ч,удо намешаванд. Модарам муаллими аввалини ман буд.Хондану навиштанро кабл аз муаллимаи мактабамон ба ман омухта буд. Имон, ислом, тахорат, намоз, хулки нек ва мухаббати илму хунарро низ ман аз у таьлим гирифтам. Ончи ки як умр дар хаети ман маро лозим ва зарур аст ва саодатмандии охирати ман низ вобаста ба он аст. Модарам ба синни пирй расида буд, аммо то хол одати дуруггуйи, дуруягй, маддох,й, суханчинй ва ё ба хилофи вичдони худ зиндагй карданро ед нагирифта буд. Ба деха ба назди модарам меоям. Модарам дар ошхона нишаста гиря дорад, Чанд руз пеш у касал шуда будааст ва боз пояшро чаррохии вазнин карда буданд. Ман дар ташвиш шудам. Баьди салому алайк мепурсам:- Магар оиди саломатии шумо ягон хабари баде хаст?! Не, не. Ту чихо мегуйи! Хеч гап нест!- чавоб дод модарам. Баьди пурсупоси бисери ман у ходисаро накл кард. Вай ба синни пирй расида бошад хам, дар хона бекор шишта наметавонист. Дар богчаи баччагонаи дехаамон аввал мураббия ва баьди пойхояш сахт дард кардан,ба посбонии он богча гузашта буд. Вай гуфт, ки ин хубтар аст аз оне, ки бекор дар хона телевизор тамошо карда шинй. Чизе ки мефармуданд, ичро мекард. Мегуфтанд, ки фаршхоро шуед -мешуст, хавлиро рубед- меруфт. Ва саволи зиедатй хам намедод, ки ин е он кори ман нест. Хамин ки аз чаррохй мебарояд, раисаи богча уро ба назди худ хонда, мегуяд:- Шумо бо ихтиери худ аризаи истеьфо нависед.Ба мо мудираи анбор лозим аст, аммо чавонзани ба мо лозима, ба он маош кор намекунад. Мо шуморо истеьфо дода, уро бо ду вазифа ва маош ба кор мегирем. Модарам аз шиддати алам кариб ба гиря меояд, аммо ариза наменависад. Баьди ин мудира хар руз уро тахкирхо карда, тухматхо менамояд ва талаб мекунад, ки аризаашро нависад. Барои хамин модарам дар ошхона мегирист. Ман модарамро ба огуш гирифта гуфтам:- Худованд чазои мудираро дихад! Бас аст кор кардан! Як умр факат кор мекунй, кор мекунй! Ба худат кай ахмият медихй?! Истирохат кай мекунй?! Корро бас кун, туро бо оилаам ба шахру кухсорхо, ба тамошохо барам, ба назди хешу таборхо рав, истирохат кун ва дам гир!. Аммо модарам кабул накард. Ба модарони имруза агар оиди бо химчак е тасма задани баччахои беадаб сухан гуйи, мункин аз х,уш раванд, аммо ман аник медонам, ки агар тасмаи чармини борику тунуки модарам намебуд, ман мункин дар оянда чинояткор шуда дар махбасхо менишастам. Мункин барои баьзе баччагон камтар сухани сахт ва адаб додан кифоя кунад, аммо барои баччахои беадаб, вахшй ва якрав, ки ба оила, мактаб ва дустонашон намунаи баде ва дарди саре мешаванд, ин намуд чазо як начоте барои хама мешуд. Бо сабабхои шароити зиндагй ман низ бо модарам хайрухуш намуда, муваккатан рохи мухочирати мехнатиро пеш гирифтам. Баьди 6 мохи дар хар кучо кор кардан, бо рафиконам дар як ч,ое ба кори доимй даромадем. Шиносномахоямонро корфармоен барои дуруст кардани хуччатхои корй гирифтанд. Ноомади корро бинед, ки ин хин модарам хам касал шуда будааст. Бо у дар ин муддат хар хафта 2-3 борй гап мезадем. Аммо вактхои охир як ду хафта мешуд бо сабабхое дар тамос набудем. Рузе оилаам занг зада гуфт, ки модарат сахт касал шудааст ва туро мепурсад. Як гаму андухи вазнин ва тарси шадиде вучуди маро фаро гирифт. Х,алк,ам хушк шуда, пеши чашмонам торик гашт Ман илтимос кардам, ки оилаам телфонро бурда ба дасти модарам дихад, то овозашонро бишнавам. Вакте ки телфонро ба дасти модарам дод, овозашон базур шунида мешуд:- ... Ало... Ало... Ман... Ман...каме... бемор шудам.Ту... Ту...кай меойи?!... Ман:-( гирякунон)Модарч,ооон! Ман аз хозир харакат мекунам, ки тезтар маблаг ефта, ба назди шумо биеям. Шумо факат сабр кунед, илтимоооос!... Аз оилаам ва хамсоязани наздашонбуда илтимос кардам, ки ба модарам нигохубин кунанд. Ман харчй тезтар меоям. То ман хуччатхоямро гирифтам, маблаге ефта чиптаи хавопаймо харидам, ки як хафтаи дигар гузашт.Вакте охирон бор телефон кардам, оилаам гуфт:- Модарам гох- гох аз хуш мераванд ва мисли ин шудаанд, ки дигар сухани моро намешунаванд. Маро гаму андух ва гиряи сахте голиб.мешуд... Вакте ба деха расидам,модарам алакай вафот карда буданд ва мардум дар чанозагох интизори ман буданд. Гирякунон бо наздикон салом кардам... ва дар сафи намози чаноза карор гирифтам. Имомхатиб чанд сухани хубе оиди модарам гуфт:- ..Бародарон! Инчунин занхо бехтарин занхои мусулмон хастанд. Имон, такво, покизагй ва ахлоки некро нигох доштанд.Ба корхои гунох ва харом даст назаданд. Либоси исломй ва миллии худро хифз намуданд. Мехнати халол карданд. Золим шуда хаки касеро нахурданд. Худашон мазлум карор гирифтанд.Фарзанди худро бо азобу машаккат дар рухияи имон ва ахлоки нек тарбия намуданд.Бо хамсояхо муомилаи хубе доштанд. Афсуси зиед, ки сафи чунин занхо руз ба руз камтар шуда истодааст. Бояд хама фарзандонамонро дар хамин рухияи имону ахлоки нек,илму хунар, муомилаи хубу мехнати халол тарбия намоем, то дуне ва охиратамон обод гардад. Намози чанозаи модарамро бо имомхатиб ва мардуми дехаамон хондем.Баьд хама якчоя ба мазори махалла рафтем. Худам гирякунон, часади модарамро дуогуен дар лахад гузоштам... Як хафта баьди намозхо ва хар сахар ба назди гураш рафта дуо мекардам ва аз Худованд истидьо менамудам, ки симои модарамро акалан як бор дар хобам нишон дихад, чунки он касро бисер пазмон шудаам. Як руз карибии субх хобе дидам:- Якч,о як к,асри зебо ва калоне аст. К,аср гуе ба ман шинос ва маьлум аст. Ман ончо модарамро чустучу дорам. Баногох!... Баногох дар як тарафи к,аср модарамро бо либоси сафед дидам. Чехраашон нуронй ва равшан буд. Дилам ба таппиш даромад. Хис кардам, ки овозам гирифт ва аз чашмонам ашк ч,орй шуд. Модарам ба тарафи ман нигох карда, табассумкунон гуфтанд:- Ту маро чустучу дорй?!.. Ман ана хамин ч,оям!- гуфта дохили к,асрро нишон доданд ва афзуданд:- Худованд нигахбонат бооод!... Аз хоб.бо як хаячону хиссиети шадиде бедор шуда, хестам. Оилаам хам бедор шуд. Дар руи бистар чанде гиристам. Оилаам хамоно аз холам мепурсид.Аввал Худовандро шукрона кардам барои кабули дуоям ва ин ки симои модарамро ба ман як бори дигар нишон дод. Баьд хамаи хобро ба оилаам хам накл намудам. У хам ба гиря даромад... Худованд ба хар як инсони мусулмон тавфики хидмати модару падарро насиб гардонад ! Омин !
    2 комментария
    23 класса