•°`~•°`~•°`Хаста шуд.•°`~•°`~•°°
Ончунон ёдат намудам, ёд аз ман хаста шуд,
Олами фарёд бо фарёд аз ман хаста шуд.
•°`~•°`~•°`~•°`~•°`
Дар хаёли диданат дору мадорам даргузашт,
Оқибат ин фикри бе бунёд аз ман хаста шуд.
•°`~•°`~•°`~•°`~•°`
Мисли боде аз хиёбон то хиёбон сар задам,
Аз чунин беҳудагардӣ бод аз ман хаста шуд.
•°`~•°`~•°`~•°`~•°`
Чархи гардон як нафас комам надод, аз ҳасраташ,
Дод гуфтам, дод гуфтам, дод аз ман хаста шуд.
•°`~•°`~•°`~•°`~•°`
Ончунон дилбастаи шодиву ғамҳояш шудам,
Шод аз ман хаста шуд, ношод аз ман хаста шуд.
•°`~•°`~•°`~•°`~•°`
Номаам аз қиссаи Фарҳоду Ширин беш рафт,
Ёди Ширину дили Фарҳод аз ман
Комментарии 27
Фикри шахсии ман
Ин мавзу танҳо барои ду нафар дахл дорад .
Ин мавзуи ман танҳо барои ду нафар .Бо ҳами мегуяндошон дуст доштани якдигарро фаҳмидан мехоҳанд
Ҳар он чизе дар насиб бошад бандай сабргузораш ҳастем дигар чора нест .
Тақдири Аллоҳро касе таъгир дода наметавонад неким дуст надоштаҳам намешавад