Предыдущая публикация
Чу бод аз дари кӯят гузар нахоҳам кард.
Қасам ба моҳи пур аз нури гӯшаи бомам,
Ки бо хаёли ту шоме саҳар нахоҳам кард.
Ту қадри шеъри маро ҳеҷ гаҳ надонистӣ,
Ки ҷо туро ба ягон шеъри тар нахоҳам кард.
Замони боварам аз соатам бурун гардид,
Кунун ба чашми ту худро гуҳар нахоҳам кард.
Дилам, ки бо ғами ту чун Ироқ вайрон аст,
Ба ҷони ӯй аз ин пас хатар нахоҳам кард.
Агар биҳишт шавад бо ту дӯзахи дунё,
Агар фаришта шавӣ ҳам, назар нахоҳам кард!!****
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев