Мать Нилуфар уже потеряла двоих детей от этой болезни ( анемия - талассемия b) Она написала письмо президенту с просьбой помочь Нилуфар вылечиться, но письмо не дошло до самого президента из-за ряда препятствий - говорит она. Встреча матери Нилуфар с министром здравохранения РТ тоже не дал ожидаемых надежд.
Два раза в неделю Нилуфар получает кровь соответствующей группы, чтобы поддерживать жизненный тонус. Ей 20 лет и в течении 20 лет два раза в неделю в постоянном режиме мать находит кровь для жизни дочери. Двоих она не смогла обеспечить, осталась Нилуфар. Операция вернет её к здоровой жизни и избавит маму от постоянной тревоги. Если кто нибудь хочет оказать реальную помощь Нилуфар, В низу я опубликую счет в банке!
Приложу банковский корр счет:
ОАО АГРОИНВЕСТБАНК
проспект С. Шерози 21, индекс:734018, Душанбе, Таджикистан.
Корр счет: 20402972714031
ИНН: 040000053
Р/С 20216972601936710001
Beneficiary bank: OJSC <<Agroinvestbank>>
S. Sherozi 21. SWIFT: AGIBTJ22
Tel: (992) 44 600-57-61, 44 600-57-62
Beneficiary: SHEROVA NILUFAR
Acc: 20218840401936710001 (USD)
Details of payment D/001-16/193671-002
получатель: Шерова Нилуфар.
Повторно опубликую письмо матери Нилуфар на Таджикском языке.
Ба Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ,
мӯҳтарам Эмомалии Раҳмон
аз номи модаре...
Мактуб
Ҳама имкониятҳоро истифода бурдам, ҳама роҳҳоро паймудам, ҳама сахтиҳоро паси сар кардам ва ягона роҳ, ягона умед, ягона наҷотам Шумо ҳастед!
Ман, Шерова Зайнура, сокини ш. Душанбе, к.Ҳисор 19/1, ҳуҷраи 125 ҳастам. Аз ҳаёти оилавӣ бо ҳамсарам соҳиби панҷ фарзанд будем. Тӯли 24 соли ҳаёти оилавӣ ду фарзандам аз маризии ирсӣ – анемияи авлодӣ, гемозиготӣ - В – таласемия аз дунё гузаштанд. Ҳарчанд ману шавҳарам хешу таборӣ надорем, аммо хулосаи мутахассисон собит кард, ки ин маризӣ дар байни мардуми Осиё вуҷуд доштааст.
7 апрели соли 2010 духтари сенздаҳсолаам Бибисанамро ба хок супурдам. Дар давоми солҳое, ки мариз буд, аз тамоми имкониятҳои тиббии Тоҷикистон истифода намудам, аммо ин ҷо ҷарроҳии бознишонии мағзи устухон вуҷуд надорад.
Ҳатто мутахассисони бахши гемотологӣ дар кишвар намерасад.
Чунин шароит имкон надод, ки Бибисанамро ҷарроҳӣ кунем ва ӯ дар авҷи камолот дунёро тарк гуфт.
Ҷаноби Президент, хоҳишмандам, гӯш диҳед ба садои қалби модар. Модаре, ки баъди як солу панҷ моҳи дигар фарзанди дуюмашро ба хок супурд...
10 сентябри соли 2012 бо ҳамин маризӣ писари хурдсолам аз олам даргузашт.
Барои як модар ин ҳама ранҷ хеле гарон аст. Хеле гарон аст, ки шабҳову рӯзҳо омадани маргро интизор бошӣ. Хеле гарон аст, ки як – як кӯдакони ба ҷон баробаратро ба хоки сард супорӣ.
Ҳоло ҳам сояи марг аз сари фарзандонам дур нарафтааст. Ҳоло духтари 19 солаам, Нилуфар Шерова мубталои ҳамин беморист. Нилуфар аз ҳаштмоҳагӣ ба ин дард гирифтор аст. Тамоми ин солҳо ранҷамро худам мекашам. Тӯли 19 сол мо ҳар ҳафта ба Нилуфар хун мегузаронем, то зинда монад.
Агар хурдтарин имкон барои ҷарроҳӣ мебуд, ман вақти пурқиммати Шуморо намегирифтам, аммо афсӯс, ки ин ҷо чунин шароит нест.
14 декабри соли 2013 мактуби мазкурро ба роҳбари дастгоҳ
Б.Худоёров супурдам ва 25 декабр ба таври оҷилӣҷавоби умедвор-кунандаи мактубро гирифтам.
Мактуб тибқи муқаррарот аз 17 декабри соли 2013 ба вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ фиристода шуд.
Ман 4-уми январ ба қабули вазир - мӯҳтарам Салимов Н.Ф ҳозир шудам. Вазир ба ҳолати иқтисодии соҳа ишора намуда, зикр кард, ки вазорат чунин имконро надорад ва беш аз 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ кӯмак карда наметавонад.
Дигар илоҷ надорам. Зинда мондани духтари ман дар ҳамин лаҳзаҳои вазнин аз Шумо, ҷаноби Президент вобаста аст.
Ман аз Шумо илтиҷо, илтимос, хоҳиш мекунам, ки маро падарвор дастгир бошед.
Ҳоло барои зинда мондани духтарам як роҳ мондааст: мутахассисони соҳа тавсияи ҷароҳиро дар Олмон додаанд. Барои бознишонии мағзи устухон табибони олмонӣ донор талаб карданд. Маҷбур шудам дар ин синусол боз тифлеро барои донорӣ таваллуд кунам. Ҳоло писарчаи донорам як солу се моҳ дорад. Табибони Олмон аз мағзи устухони ин кӯдак гирифта, дар мағзи устухони Нилуфар мемонанд. Барои кӯдаки донорам чунин ҷарроҳӣ хавф надоштааст, аммо ин кор танҳо дар Олмон амалӣ мегардад.
Ман, ки як модари тоҷикам, мисли ҳамаи модарҳои дунё дар чунин рӯзи сахт месӯзам, мегирям ва фарёд мекунам. Дигар мадоре надорам. Ин охирин фарёди модари мӯҳтоҷ аст, ки ба гӯши Шумо мерасад: “Эй ҳодӣ, эй пешво, эй падар, эй бародар”,кӯмакам кунед, то духтарамро дар Олмон ҷарроҳӣ кунам. Кӯмакам кунед, то зинда монад. “Худо нигаҳбонатон”.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 85