Шарифҷон Махдуми Зиё ва маҳфили адабии ӯ
Садри Шарифҷон Махдуми Садри Зиё (1867-1932) дар шаҳри Бухоро дар оилаи Абдушукур ном домулло, ки бо тахаллуси Оят шеър менавишт, ба дунё омадааст. Шариф номи ӯст, махдум калимаест, ки ба номи муллозодагон илова мекарданд, садр унвони илмии динист, ки баъд аз ӯроқ ва судур саввумин ва олитарин унвони уламо ба шумор меравад, Зиё тахаллуси адабиаш мебошад. Падари Садри Зиё- Абдушукури Оят аз косибони Бухоро буда овони ҷавонӣ, бо касби падару бобоёнаш — чармгарӣ ва шустагарӣ (шуста сафед кардани карбосу суфи хоми дағали зардчатоб) машғул шудааст. Ӯ баъди хатми мадраса дар мадрасаҳои Бухоро мударрисӣ ва дар баъзе мулкҳои аморат (аз ҷумла дар бекигарии Зиёуддин) қозигӣ карда, дар охири умр қозикалони Бухоро таъин гардидааст.
Садри Зиё ҳам баъди таҳсили мадраса аз соли 1893 ба фаъолияти қозигӣ оғоз намуд, ки он то соли 1920 давом кардааст. Дар ин муддат ӯ дар Ҷондор, туманҳои Зандане (Пешкӯ), Вобканд, Ғиждувон, бекигариҳои Чорҷӯй, Қаршӣ, Каркӣ, Шаҳрисабз қозигӣ кардааст. Вай хеле кӯтоҳ, аз 25 март то 8 апрели соли 1917, яъне 15 рӯз қозикалони Бухоро шудааст.
Мероси илмию адабии Садри Зиё зиёда аз 60 асарро ташкил медиҳад. Муҳимтарини онҳо: «Наводири Зиёия», «Рӯзнома», «Тазкират-ул-Хаттотин», «Таърихи амирони манғития», «Рисолаи асбоби инқилоби Бухоро» ва ғайраҳо мебошанд
Охири асри XIX ва аввали асри XX хонаи Садри Зиё ба як маҳфили адабӣ табдил ёфта буд, ки дар он як зумра зиёиён иштирок намуда, баҳра гирифтаанд. С. Айнӣ иштирокчии фаъоли ҷамъомадҳои маҳфили адабии хонаи Садри Зиё буд. Ӯ воқеоти он солҳоро дар «Ёддоштҳо»-яш ин тавр тасвир намудааст: «Хонаи Шарифҷон-махдум дар ҳар ҳафта се шаби таътил — сешанбе, чоршанбе ва панҷшанбе одатан ранги анҷумани шоирон, шеършиносон, латифагӯён ва ширинкоронро мегирифт». Дар он маҳфил адибу фозилони пешқадами Бухоро аз қабили: Мулло (Мирзо) Назруллоҳи Лутфӣ, Абдулмаҷиди Зуфунун, Яҳёхоҷа, Содиқхоҷаи Гулшанӣ, Ҳомидбеки Ҳамид, Абдуллохоҷаи Таҳсин, Мулло Бурҳони Муштоқӣ («Бисмил»). Қорӣ Абдулкарими Офаринӣ («Дӯзахӣ»), Мирзо Азими Сомии Бӯстонӣ, Мулло Раҳмати Сартарош, Азизхоҷаи Азиз ва дигарон иштирок менамуданд.
Иштироккунандагони маҳфили адабии Садри Зиё кам ё беш аз тартиботи замони амирӣ норозӣ буданд. Бинобар ин дар он ҷамъомадҳо на танҳо масъалаҳои адабиёт муҳокима мегардид, балки дар бораи аҳволи замон ва кирдори мансабдорон ҳам сухан мерафт. Бегуфтугӯ аҳли маҳфил хубиҳои Аҳмади Донишро зикр мекарданд, нисбат ба андешаҳои ислоҳотхоҳонаи ӯ ҳамфикр будани худро изҳор менамуданд. Маҳз ҳамин маҳфил ба ташаккулёбии ҷаҳонбинии адабии худи С. Айнӣ ва Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим, ки ҳамон давр дар ҳавлии Садри Зиё «вазифаи пешхизматиро» адо мекарданд, заминаи асосӣ гузоштааст. Бояд ба инобат гирифт, ки эҳтимол дар натиҷаи таъсири ҳамин маҳфил, бо ташаббуси С. Айнӣ ва М.А. Мунзим, аз ҷумлаи толибилмони мадрасаҳои Бухоро, маҳфили дӯстдорони илми таърих бунёд гардида буд. Чуноне яке фаъолони он маҳфил мулло Бобо Қосим Рамазонов (1887-1970) ба хотир меоваранд, аъзоёни он аз С. Айнӣ ва М.А. Мунзим ҳар гуна супоришҳо гирифта, онҳоро аз сарчашмаҳои таърихӣ пайдо мекарданд. Инчунин, баъзан дар бораи асарҳои гуногун, ё худ воқеаҳои таърихӣ, сӯҳбатҳо барпо менамуданд.
Н. Ҳотамов. Таърихи халқи тоҷик.
Дар акс:Муҳаммадчон Шакурии хурдсол бо падараш Шарифчон Махдуми Садри Зиё
Бухара - сердце Центральной Азии – ПДФ https://drive.google.com/file/d/1wYeI47SizvICPZR2Q3Sx-LV_LptnCnox/view Ҳабиб Саид - Нома - ПДФ https://drive.google.com/file/d/1LZb7aXuOCjVouz5xTFTU0GJR8DRw8qWT/view?usp=sharing Ҳабиб Саид - Вопасин тоҷик аз сайёраи "Эҳёи маҳвгаштагон" - ПДФ https://drive.google.com/file/d/1hSvj7C0aRF0MkIjLNAAGhioJereG1IJL/view?usp=sharing HABIB SAID - ЭССЕ https://iskich.blogspot.com/ Habib Said - YouTube https://youtube.com/@Habib_Said Habib Said - Telegram https://t.me/hsl53
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 1