Ману ў аз ҷиҳати сину сол фарқ дошта бошем ҳам, дар бобати ахлоқ ва феълу хислат қариб як хел будем. Ман бо Толис, ки он вақт як бачаи рангпаридаи лоғар ва худбовари кошиф ба назар мерасид, дар идораи газетаи «Пионери Тоҷикистон» соли 1947 шинос шудам.
Он вақтҳо ман ходими адабии ин газета будам. Ҳамон сол ба анҷумани Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ў ва Шукўҳиву Фарҳат аз вилояти Ленинобод вакил интихоб шуда, ба шаҳри Сталинобод (Душанбе) омада ва ҳар се ба идораи мо ҳам ташриф оварданд. Аввалин бор ман бо вай дар ҳамин ҷой вохўрдам. То ин дам дар журнали «Шарқи Сурх» ҳикояи «Дар роҳи вазифа», дар газетаи «Пионери Тоҷикистон» «Харгўшчаи нодон» ва «Тақдири дуруғгўй» барин ҳикояҳои бачагонаам чоп шуда буданд. Ҳамон шабу рўз як ҳикояи бачагонаи дигарам бояд ба чоп мерафт. Қаҳҳорӣ (муҳаррири онвақтаи «Пионери Тоҷикистон») пеш аз чоп онро ба Толис додааст, ки хонда фикрашро гўяд.
Вай ҳикояро хонда маъқул донист. Маълум шуд, ки ба як ҷои ҳикоя тағйирот даровардааст; ба ҷои «борон тез меборид» «борон шиддат мекард» навиштааст. Дар давоми анҷуман бо ҳамдигар «саломуалейк» шудем. Баъди анҷоми анҷуман дигар бо ҳам вонахўрдем, ин фурсат танҳо соли 1953 сурат гирифт. Он вақт котиби масъули «Газетаи муаллимон» будам. Толис дар университет таҳсилро оғоз карда буд.
Ман аз хусуси корҳои эҷодиам ягон бор ҳарф накушодаам. Намехостам, ки наздиконам ҳусни таваҷҷўҳ кунанд. Толис ҳам қариб айнан дар чунин фикр буд. Вай дар бораи корҳои эҷодиаш чизе намегуфт, ба ҷои он бештар дар бораи ҳазлу мутоибаи байни Аминзодаю Миршакар ва Турсунзодаю Раҳимзодаро гуфта, механдонд. Толис дар ҳазлу мутоиба низ дар пеш буд…
Боре ману Ш. Шараф дар даромадгоҳи дари нашриёт, он ҳангом дар ҷои ҳозираи кассаи давлатии амонатгузорӣ, дар кўчаи Ленин мавҷуд буд, рост истода бо ҳам сўҳбат доштем. Аз ҷониби Почтамти марказӣ Толис ба наздамон омад ва баъди вохўриву ҳолпурсӣ гуфт:
«Хабар доред, Ансорӣ ба райони Панҷ ба камандировка рафта, баъди бо гурўҳи сарҳадбонон ҳамсўҳбат шуда ахбороти лозимиро гирифтан рўи кўпруки яккагузари тросин баромада, қаъри оби дарёи Панҷро дидан хостаанд. То миёнаҳои он мераванд, ки ба нохост арматизасияи купруки тросӣ шиддат гирифта, алвонҷ рафтан мегирад. Ансорӣ таносуби вазнро нигоҳ дошта натавониста, ба нохост ба об афтиданд. Дозорҳои афғон аз дозорҳои мо пешдастӣ карда, он касро аз об дастгир карда мегиранд. Консули дар Маскав будаи Афғонистон ба Вазорати корҳои хориҷӣ дар масъалаи додан ё надодани Ансорӣ музокира бурда истодааст».
Ман, ки каму беш аз латифабофии ў хабар доштам, ба ҳақиқат будани воқеа шубҳа карда, хомўш мондам, лекин Шараф «охир дина бегоҳ Ансориро дар даромадгоҳи хонаи матбуот дидам-ку!»-гўён ба ин «хабар» эрод гирифтанӣ шуд.
- Ҳа, дуруст, он кас дина бегоҳ бо самолёт парида рафтанд, - таъкид намуд Толис.
- Шояд,-гуфт ў,-бесабаб «назди шоир ҳар ду дунё ҳам як қадам» нагуфтаанд...
Соли 1960 як бегоҳии рўзи шанбе Фазлиддин, Толис, Мутеулло ва додарам Шафқат ба деҳа назди ман омаданд, рўзи дигараш баъди пешин ҳама каса ба соҳили дарёчаи Сурхоб нишастанӣ рафтем. Толис, ки ин ҷо бори аввал омада буд, ҳусни қубҳи манзараи дилрабои деҳа, хусусан дараро, ки дарёча аз он ҷо ҷорӣ мешуд, дида, сўям рў оварда гуфт:
- Ана барои чи аз шаҳр ба нохост хоргурехт карда ғайб зада будед.
- Ин кас агар намегурехтанд, ба ҳама гуна азобу уқубати култураи шаҳрчигӣ тоб меоварданду лекин аз афти кор аз фалсафаи Абрамов ба танг омаданд, - ба тариқи ҳазл эзоҳ дод Фазлиддин...
Моҳиҳои дар рўи об ҷаҳида ва зери об ба ҳар сў шино карда истодаро дида, ҳаваси моҳишикор кардем, лекин ҳамроҳи худ на тўр ва на шаст доштем.
Ин моҳӣ барои чӣ ин қадар бесаранҷом бошад? - пурсид Толис аз ман.
Фазлиддин ба ҷои ман дар ҷавоб ҳазломез гуфт:
- Ин бечораҳо, мо нависандагонро пешвоз гирифта, гила карданӣ, ки барои фарзандони мо мўҳтарам Толис чизи хонданбоб нанавиштаанд.
- Шумо, мутарҷимони мўҳтарам саҳван маро нишон гирифтед. Онҳо на аз ман, балки бояд аз ин кас, - ў ба сўи ман ишора кард - гиламанд бошанд, чунки ҳикояҳои бачагонаи «Тақдири дурўғгўй», «Харгўшчаи нодон», «Кӣ гунаҳкор»-ро шояд бачагони инҳо мутолиа карда бошанд.
- Агар чунин бошад, ба тарҷумаи ғараз(нок) эътибор набояд дод, шахсан бо худи онҳо сўҳбат кардан лозим меояд,-гуфтам дар навбати худ ва ба яке аз муаллимон, ки ҳамроҳамон омада буд, фармудам, ки аз алафи думи гов, ки дар гирду атроф қад ёзонда, гул карда буданд, канда биёрад.
Аз афти кор ў чӣ мақсад доштани маро фаҳмид, ки чор-панҷ бех «Думаки гов»-и кандаашро оварда, ба як ҷои маҳиноби дарёча онро тар карда, ба санги калони даруни об задан гирифт, қатраҳои сабзранги аз алафи латёфта ба оби дарёча рехтанд. 10-15 дақиқа гузашта буд, ки моҳиҳои мадҳушгашта рўи об баромаданд ва мо онҳоро чида гирифтем.
- Ин бечораҳоро мадҳуш надоред, бо инҳо чӣ мекунед? – пурсид Толис.
- Инҳо баъди ба равғани доғ ғусл кардан ба худ меоянд, он вақт сўҳбат кардан мумкин аст.
Ҳамин тавр машғули гирумон ва ҳазлу мутоиба ба саргаҳи дарё наздик мешудем, ки ба нохост аз пешамон як села кабк баромада ба хирман руҷўъ намуданд. Дар даст милтиқи калибермайда доштам, ки ба ҳар эҳтимол гирифта будам. Онро ба Толис дароз кардам, ки ба уқоб нишон гирад.
- Уқобро ба нишон гирифта натавонед-чӣ? – гуфтам ман.
Вай милтиқро гирифт ва мили онро ҷониби кабкони таги бутаҳо рост кард, аммо тир накушода онро боз гардонида ба дастам доду гуфт:
- Биёед монед ин кайфиятро аз дўкони «Тир» гирифтан бароям осонтар барин.
Милтиқро ба Фазлиддин дароз кардам.
- Ака, ин ҳунар дар ман мешуд, аз ҳамин Тоҷикистон истода онаи зори Гитлера ба чашмаш нишон медодам. Ҳоҷати ин кадар ҷангидан набуд, худатон дар ин кор бояд омил бошед...
Ман ба ҳамин хулоса омадам, ки ин ҳарду ба сабаби оқибатандешӣ аз тирпаронӣ даст кашиданд. Ночор худам кабкҳоро, ки аллакай хеле дур рафта буданд, ба нишон гирифтам, лекин мутаассифона тирам ба хок бархўрд.
- Кабкҳо дур рафта, аз мадди нишонрас гузашта буданд. Фазлиддин бо ин гўё маро аз хиҷолат бароварданӣ мешуд.
Шаб баъди зиёфати хоксоронаи банда рўи фарши меҳмонхона шаш ҷойгаҳ барои Толис, Фазлиддин, Мутеулло, Набиев, Шафқат ва ман қатор густурда шуд. Ҳама ба ҷойгаҳ даромада, нияти хоб рафтан кардем, ки Набиев аз хусуси чорбозорчигии мардуми Ургут латифае гуфт. Мо ҳама ба завқ омада, хуб хандидем,Толис низ дар гармогармӣ як латифаи намакине гуфт. Оқибат Фазлиддин низ ба онҳо пайваст, яке даҳанҳо хеле тасфиданд.
Дар сари ҷойгаҳ нахобида шабро бо латифагўӣ рўз кардем. Дасту рўй шуста ба сари дастурхони таҳтӯл нишаста будем, ки Муллоҷонов Масъуд мошинасавор омад, вай ба Толис гуфт:
- Шуморо Маскав ҷеғ дорад…
Ҳамон моҳ ў мебоист ба фестивали ҷавонон ба Венгрия мерафт...
Мо дигар бо ҳам во нахўрдем…
Аз китоби “Бозомади хуршед”
Маҷмӯаи мақолаҳо, хотирот ва мукотибаву аснод...
Таълиф, таҳия, шарҳу тавзеҳот ва вироиши умумии
Адувалӣ Давронов ва Субҳони Аъзамзод
Душанбе -2007
ЛУТФӢ САИД(1917 - 2001)
Лутфӣ Саид (11 марти 1917, Исфара — 3 сентябри 2001, ҳамонҷо) — нависандаи тоҷик. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Лутфӣ Саид 11 марти соли 1917 дар Исфара дар оилаи рӯҳонӣ — Домулло Мирсаиди Аълам таваллуд шудааст. Фаъолияти кориро бармаҳал сар карда, чанде коргари роҳи оҳан ва сардори бригадаи ангиштканон дар Шӯроб будааст. Техникуми молияи Ленинобод ва дорулмуллимии тоҷикии Тошкандро хатм намудааст. Пас аз хатми дорулмуллимин, соли 1941 ӯро барои кор ба ноҳияи Ҳисор фиристоданд. Дар мактабҳои маҳаллӣ зиёда аз 30 сол аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфтааст. Дар рӯзномаҳои “Пионери Тоҷикистон”(1947), “Газетаи муаллимон”(1953) дар вазифаҳои ходими адабӣ, котиби масъул кор кардааст. Соли 2001 аз олам чашм пӯшид.
Оғози фаъолияти эҷодияш ба соли 1938 рост меояд, ки аз ҳамон сол аввалин ҳикояаш бо номи «Дарди чашми Бибиоиша» дар маҷаллаи «Роҳи ленинӣ» чоп шуд. Ҳикояҳояш дар маҷаллаи «Шарқи Сурх» ба табъ расидаанд, ки аз онҳо «Дар сари гулхан»(1952), «Дар як рӯзи борон»(1957), «Базм дар хонаи Худо»(1959), «Ҷомаи ҷамъиятӣ» (1959), «Фарзанди ҳазрати Одам» (1961), «Содиқпаҳлавон» (1962), «Кадуи шариатпаноҳ» (1962) ва ғ. ниҳоят хотирнишинанд. Онҳо аз тарафи тарҷумони маъруф Эммонуил Муллоқандов, нависандагон Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҳошим, Пӯлод Толис, Солеҳ Салоҳ, мунаққид Аскар Ҳаким баҳои баланд гирифтанд.
Соли 1963 китоби нахустини ӯ номи «Дар назди гулхан» бо пешгуфтори Ҷалол Икромӣ ба нашр расид. Соли 1965 бо тавсияи Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҳошим, ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шуд. Мунаққидону хонандагон, Лутфӣ Саидро чун нависандаи ҳикояҳои таърихӣ мешиносанд. Китобҳои «Асрори саҳро», «Қиссаҳои Хуршед», «Сояи мурғи ҳумо», ва романҳои «Дар рӯзҳои тӯфон», «Ғуруби кӯҳи Сепоя» пешкаши хонандагон гардидаанд. Ба муносибати 90 солагии нависанда маҷмӯаи мақолаҳо, хотирот ва мукотибаву асноди Лутфӣ Саид бо номи «Бозомади хуршед» (Мураттибон Абдувалӣ Давронов ва Субҳони Аъзамзод) соли 2007 дар Душанбе ба нашр расид. Романи се қисмаи Лутфӣ Саид бо номи «Фарзандони замон» дар бораи рӯйдодҳои Бухорои Шарқӣ, пайдо шудани болшевикон дар ин сарзамин, муборизаи муҷоҳиддин… нақл мекунад, ҳоло пурра ба чоп нарасидааст.
Осор:
«Дар назди гулхан» - ҳикояҳо (1963)
«Асрори саҳро» - ҳикояу очеркҳо (1972)
«Қиссаҳои Хуршед» - ҳикояҳо (1984)
«Сояи мурғи ҳумо» - ҳикояҳо (1985)
«Дар рӯзҳои тӯфон» - роман (1989)
«Ғуруби кӯҳи Сепоя» - роман(1998)
«Бозомади хуршед» - пажӯҳиши адабӣ (2007)
«Фарзандони замон» - роман дар се қисм, қисми 1 (2017)
Ҷоизаҳо:
Муаллими шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1964)
Некдошт:
Дар шаҳри Исфара кӯчае бо номи Лутфӣ Саид гузошта шудааст.
Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
ТВ "Сафина" - Қадамҷо - Лутфӣ Саид https://youtu.be/KZsea4vYLFk HABIB SAID - НАСР - ПРОЗА https://nasriman.blogspot.com/ HABIB SAID - ЭССЕ https://iskich.blogspot.com/ Habib Said - YouTube https://youtube.com/@Habib_Said Habib Said - Telegram https://t.me/hsl53 Хабиб Саид - Рутуб https://rutube.ru/channel/26224507/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев