Падару модар барои писарашон муаллимеро интихоб карданд.
Сахар бобои писарак уро гирифта ба мактаб бурд.
Вакте бобою набера ба хавлии мактаб ворид гаштанд, хонандагони хурди мактаб онхоро ихота карданд.
Ягон нафар ба онхо салом надод.
Барьакс яке аз онхо хандида гуфт:-
Бинед, чи хел пирамарди хандаовар омадааст.
Дигаре ба писар гуфт:-
Эй, аз кучо омадй, фарбехи хурдакак ?!
Бачахо додзанон гирди онхо мегаштанд.
Хамин вакт муаллим зангро зад ва онхо дав-давон ба синфашон даромаданд.
Бобо дасти набераашро гирифта, аз мактаб дур шуд.
- Чи хел нагз! Ман ба мактаб нахохам рафт!- хурсандй кард, набера.
-Ба мактаб хохй рафт, аммо на
ба ин мактаб.Ман худам ба ту муаллими хуб хохам ефт- гуфт бобо.
Пирамард набераашро ба назди кампираш оварда монд ва худаш аз паи ефтани муаллими хубе шуд.
Пирамард ба чандин мактаб мерафт ва интизори танаффус мешуд.
Вакте тараффус мешуд ва хонандагон берун мебаромаданд,
ба хонандагон ахмият медод.
Кисми зиеди онхо ба у салом намедоданд.
Як кисми дигар уро гам медоданд.
Пирамард чандин мактабхоро гашт, аммо мактаб ва муаллими маькули дилашро наефт.
Дар охир ба хавлии як мактаби назарногире ворид шуда, дар як кунче нишаст ва мунтазири танаффус ва дидани хонандагони он шуд.
Занг зада шуд.
Талабагон аз синф берун баромаданд.
Онхо ба пирамард -Ассалому алайкум - гуен салом медоданд.
Пирамард хам - Ва алайкум ассалом ва рах,матуллох,- гуен чавобшон мегуфт.
Яке аз онхо ба пирамард наздик шуда, гуфт-
Бобочон ! Саломатии шумо хуб аст ? Об биерам ?!
Дигаре бошад, ба кунче ишоракунон гуфт-
Ончо харак хаст.Мархамат ончо нишинед ва дам гиред.
Сеюмй бошад , гуфт-
Бобочон ! Агар хохед , ба наздатон муаллимамонро даьват мекунем!
Дар ин вакт муаллими чавон хам ба назди онхо омад ва бо пирамард боадабона -Ассалому алайкум- гуен салом кард.
Пирамард хам - Ва алайкум ассалом ва рахматуллох,- гуфта чавобаш дод ва аз хамаи ончй дид ва шунид , хурсанд шуда гуфт-
Хайрият дар охир ман мактаб ва муаллими хуберо барои набераам ефтам.
Муаллим- Не, шумо хато мекунед!
Мактаби мо бехтарин нест !
Ин мактаб хурд аст ва боз синфхояш хам барои хонандагон тангй мекунад ва инчунин аз васоили гунонуни лозима
барои таьлим мо махрумем .
Пирамард бахс накард ва зуд маслихати овардани набераашро намуда, бо онхо хайрухуш намуда, баргашт.
Бегохй келинаш аз интихоби бобо норозй шуда, гуфт-
Бобо ! Шумо як одами бесавод хастед!
Аз кучо медонед, ки муаллими ефтаи шумо муаллими бехтарин аст?!
Пирамард- Аз руи шогирдон!
Келин--Чи тавр ?!
Бобо--Ба муаллим аз руи онхо бахо дода мешавад.
Вакте шогирдон босавод ва боадабанд, ин нишонаи он аст,
ки муаллими онхо чунин буда, муаллими бехтарин аст..
Хонандагони гиромй !
Шумо бо пирамард хамфикред
е пирамард хато мекунад?!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2