Муаллими ҷавоне дар роҳрав муаллимашро аз синфхона шинохта ба наздаш меояду мегӯяд:
— Салом. Маро дар ёд доред? Ман шогирди шумо будам. Бале, ман туро хамчун хонандаи синфи сеюм дар ёд дорам. Ва шумо ҳоло чӣ кор карда истодаед?
— Ман таълим медиҳам. Чӣ шуморо ба ин интихоб водор кард?
— Чӣ не, балки кӣ. Яъне Шумо. Он замон як амали Шумо маро он қадар таъсир расонд, ки пеши худ мақсад гузоштам муааллим шавам.
— Он чӣ гуна таъсир буд?
— Рӯзе ҳамсинфам дар даст соати зебое, ки падару модараш тухфа кардаанд, ба дарс омад. Ӯ соатро кашида, ба ҷевонча гузошт. Ман ҳамеша орзу доштам, ки чунин соат дошта бошам. Аз ин хотир онро аз дохили ҷевон гирифтам. Дере нагузашта он писарбача гирякунон назди шумо омад ва аз дуздӣ шикоят кард. Шумо ба гирду атрофи мо нигариста гуфтед: «Касе ки соати ин бачаро гирифт, баргардонад».
Ман хеле шарм доштам, вале аз соат ҷудо шудан намехостам, бинобар ин иқрор нашудам. Шумо ба назди дар омада, онро қуфл кардед ва ба мо фармон додед, ки дар канори девор саф кашед ва огоҳ кардед: "Ман бояд ҳама кисаҳои шуморо тафтиш кунам, ба як шарт, ки ҳама чашмонатонро пӯшед". Мо итоат кардем ва ман ҳис кардам, ки ин нангинтарин лаҳзаи умри кӯтоҳи ман аст.
Аз хонанда ба хонанда, киса ба киса хабар гирифта гузаштед. Вақте ки шумо соатро аз ҷайби ман баровардед, то охири саф идома додед. Баъд шумо гуфтед: «Бачаҳо, ҳамааш хуб аст. Шумо метавонед чашмонатонро кушоед ва ба мизҳои худ баргардед." Шумо соатро ба сохибаш баргардондед ва дар бораи ин ходиса дигар харфе нагуфтед.
Пас он рӯз Шумо номуси маро ва ҷонамро наҷот додед. Шумо маро чун дузд, дурӯғгӯ, кӯдаки беарзиш доғ накардед. Шумо ҳатто дар бораи ин эпизод бо ман суҳбат накардед. Бо гузашти вақт ман фаҳмидам, ки чаро. Зеро шумо ҳамчун муаллими ҳақиқӣ намехостед, ки шаъну шарафи хонандаи ҳанӯз ташаккул наёфтаро паст занед. Барои хамин муаллим шудам.
Ҳарду аз таассуроти ин ҳикоя хомӯш монданд. Баъд муаллими ҷавон пурсид:
- Модоме ки имрӯз маро шинохтед, дар ин саргузашт маро ба ёд овардед?
Муаллими кухансол ҷавоб дод:
- Гап дар сари он, ки ман ҳам бо чашмони баста кисахоро аз назар гузаронидам.
-----------------------------
(тарҷума аз русӣ)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1