Предыдущая публикация
Одам аз қисмати фардои худаш бехабар аст.
Мард будан ба ҷаҳон ин шарафу номи бузург,
Якмаромӣ сари шаҳроҳи умеду зафар аст.
Ошиқи номи Ватан бош, Ватан модари мост,
Аз маҳалбози дағалбоз ба Меҳан зарар аст.
Ростро рост бигӯ, дар ҳама аҳвол, натарс,
Ҳар касе меканад аз рост назар беҷигар аст.
Дарди моро накунад кишвари бегона даво,
Ваҳдати мо ба ҳама иллати мо чорагар аст.
Аз касе, ки ба Ватан нест ягон манфиате,
Хори саҳрои Ватан қиммату бе дарди сар аст.
Кори шоир набувад мадҳия гуфтан ҳама дам,
Аз ғаму дарди замон гуфтани шоир ҳунар аст.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев