Ба нури дидагони ту дилам гум мезанад модар.
Шабонгоҳон, ки бар гардун ситора мезанад
чашмак,
Ба чашми меҳрубони ту дилам гум мезанад модар.
Ба ҳар маҳфил сухан гӯям, садои ту расад бар
гӯш,
Ба оҳанги баёни ту дилам гум мезанад модар.
Ба ман тумори дарди сар фиристӣ, то амон
бошам,
Ба армони нигоҳи ту дилам гум мезанад модар.
Ба нози ман, ниёзе ман дили дардошёне ку?
Ба лутфи бехазони ту дилам гум мезанад модар.
Касе мисли ту ошиқ не ба ин ҷону ҷаҳони ман,
Бимирам дар ҷаҳони ту дилам гум мезанад модар.
Баҳор асту дилам дар хонаи тангам намегунҷад,
Ба кунҷи ошёни ту дилам гум мезанад модар.
Ту ҳастиву маро парвои меҳру меҳрубонӣ нест,
Ба меҳри ҷовидони ту дилам гум мезанад модар.
💐🌼💐🌼💐🌼💐🌼💐🌼💐🌼
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев