Лутфӣ Саид ва Пӯлод Толис Ману ў аз ҷиҳати сину сол фарқ дошта бошем ҳам, дар бобати ахлоқ ва феълу хислат қариб як хел будем. Ман бо Толис, ки он вақт як бачаи рангпаридаи лоғар ва худбовари кошиф ба назар мерасид, дар идораи газетаи «Пионери Тоҷикистон» соли 1947 шинос шудам. Он вақтҳо ман ходими адабии ин газета будам. Ҳамон сол ба анҷумани Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ў ва Шукўҳиву Фарҳат аз вилояти Ленинобод вакил интихоб шуда, ба шаҳри Сталинобод (Душанбе) омада ва ҳар се ба идораи мо ҳам ташриф оварданд. Аввалин бор ман бо вай дар ҳамин ҷой вохўрдам. То ин дам дар журнали «Шарқи Сурх» ҳикояи «Дар роҳи вазифа», дар газетаи «Пионери Тоҷикистон» «Харгўшчаи нодон» ва «Тақдири ду