#Ҳикояти_ибратомӯз... 📖📖📖📖📖📖📖📖📖📖📖📖📖📖 Марди #фақире чанд рӯз буд, ки бо зану фарзандонаш чизе нахӯрда буданд. Рӯзе #деҳқоне ба ин мард каме гандум дод ва мард дар роҳ, ки меомад, бо #Худо дарду дил кард ва гуфт: эй кушояндаи гиреҳҳо... #гиреҳи аз мушкилоти моро бикушо! Дар ҳамин вақт #гиреҳи аз гиреҳҳо боз шуд ва гандумҳои мард бар замин рехт. Мард гуфт: #эй Худо! Чаро ин гиреҳро боз кардӣ? Ман ин гиреҳро нагуфтам... Нишаст то гандумҳоро ҷамъ кунад, ки дид гандумҳояш дар рӯи косае аз #тилло рехта аст. Аз ҷояш хест ва гуфт: #Худоё маро бибахш! 🤲🤲🤲🤲🤲🤲🤲🤲🤲🤲🤲🤲🤲🤲 #Хулоса_аз_ҳикоят: #Ҳеҷ_кори_Худованд_бе_ҳикмат_нест!!! ⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️
    1 комментарий
    10 классов
    Мазан тӯҳмат ба рӯи миллати ман, Макун таҳқир муҳоҷир-додари ман. Макун бадному расво номи тоҷик, Ки месӯзад вуҷуди модари ман. Ки тоҷик мард буду мард хоҳад монд, Ба мисли Рустаму Масъуду Сомон. Зи хоне гар хӯрад як бурдаи нон Нахоҳад кард туф ӯ бар намакдон. Агарчи гаштааст имрӯз ӯ хор, Мадеҳ ноҳақ ту ӯро ранҷи бисёр. Мазан мӯҳри хато бар миллати ман, Ки безораст ӯ аз қатлу куштор. Диҳӣ гар баҳри ӯ як бурдаи нон, Насозад қатл ӯ аз баҳри миллион. Даруни қалби ӯ саршори меҳр аст, Чи медонӣ ту эй бемеҳру имон. Ба ҷони мо ситам бисёр кардӣ, Ту айби худ ба дигар бор кардӣ. Битарс аз оҳи мардони мусофир, Аҷаб ту миллатамро хор кардӣ. Нигаҳ кун сар ба по таърихи тоҷик, Зи Ориёӣ то имрӯзи тоҷик... Саросар сулҳу инсонпарварӣ аст, Сиёсатномаи шоҳони тоҷик. Эҳсони Фарҳод.
    6 комментариев
    176 классов
    К.ИССА. ХОТИРОТИ МУХОЧИРЕ ОИДИ МОДАРИ САХТГИР. Оиди падарам дар хотироти ман аз давраи кудакй кариб хеч чиз бокй намондааст, чунки падарам баьди издивоч кариб, ки дар хона намеистодааст. Баьди таваллуди фарзанди якумаш ману модарамро дар хонаи бобову бибиям гузошта, худ барои ефтани маблаги зиед ба ронандагй ба як шахри дур рафтааст. Дар як сол ду бор як мохй омада, тухфахо оварда, моро хабар мегирифтааст. Баьд боз гайб мезадааст. Вакте ки модарам фахмидаст, ки падарам гайри мо, боз зан ва фарзанди руссй дорад,аз падарам талаб кардаст,ки аз онхо чудо шавад. Чавоби рад додани падарамро шунида, дархол талаб кардааст, ки падарам уро талок намояд ва хамаи ороишоти худро канда партофта, маро гирифта ба хонаи падару модараш омадааст. Хеч касро бовараш намеомад, ки модари ман ба чунин кор кодир аст, чунки падарам шахси зебо, хунарманд ва пулёб буда ва занхо одатан аз чунин мардон ч,удо намешаванд. Модарам муаллими аввалини ман буд.Хондану навиштанро кабл аз муаллимаи мактабамон ба ман омухта буд. Имон, ислом, тахорат, намоз, хулки нек ва мухаббати илму хунарро низ ман аз у таьлим гирифтам. Ончи ки як умр дар хаети ман маро лозим ва зарур аст ва саодатмандии охирати ман низ вобаста ба он аст. Модарам ба синни пирй расида буд, аммо то хол одати дуруггуйи, дуруягй, маддох,й, суханчинй ва ё ба хилофи вичдони худ зиндагй карданро ед нагирифта буд. Ба деха ба назди модарам меоям. Модарам дар ошхона нишаста гиря дорад, Чанд руз пеш у касал шуда будааст ва боз пояшро чаррохии вазнин карда буданд. Ман дар ташвиш шудам. Баьди салому алайк мепурсам:- Магар оиди саломатии шумо ягон хабари баде хаст?! Не, не. Ту чихо мегуйи! Хеч гап нест!- чавоб дод модарам. Баьди пурсупоси бисери ман у ходисаро накл кард. Вай ба синни пирй расида бошад хам, дар хона бекор шишта наметавонист. Дар богчаи баччагонаи дехаамон аввал мураббия ва баьди пойхояш сахт дард кардан,ба посбонии он богча гузашта буд. Вай гуфт, ки ин хубтар аст аз оне, ки бекор дар хона телевизор тамошо карда шинй. Чизе ки мефармуданд, ичро мекард. Мегуфтанд, ки фаршхоро шуед -мешуст, хавлиро рубед- меруфт. Ва саволи зиедатй хам намедод, ки ин е он кори ман нест. Хамин ки аз чаррохй мебарояд, раисаи богча уро ба назди худ хонда, мегуяд:- Шумо бо ихтиери худ аризаи истеьфо нависед.Ба мо мудираи анбор лозим аст, аммо чавонзани ба мо лозима, ба он маош кор намекунад. Мо шуморо истеьфо дода, уро бо ду вазифа ва маош ба кор мегирем. Модарам аз шиддати алам кариб ба гиря меояд, аммо ариза наменависад. Баьди ин мудира хар руз уро тахкирхо карда, тухматхо менамояд ва талаб мекунад, ки аризаашро нависад. Барои хамин модарам дар ошхона мегирист. Ман модарамро ба огуш гирифта гуфтам:- Худованд чазои мудираро дихад! Бас аст кор кардан! Як умр факат кор мекунй, кор мекунй! Ба худат кай ахмият медихй?! Истирохат кай мекунй?! Корро бас кун, туро бо оилаам ба шахру кухсорхо, ба тамошохо барам, ба назди хешу таборхо рав, истирохат кун ва дам гир!. Аммо модарам кабул накард. Ба модарони имруза агар оиди бо химчак е тасма задани баччахои беадаб сухан гуйи, мункин аз х,уш раванд, аммо ман аник медонам, ки агар тасмаи чармини борику тунуки модарам намебуд, ман мункин дар оянда чинояткор шуда дар махбасхо менишастам. Мункин барои баьзе баччагон камтар сухани сахт ва адаб додан кифоя кунад, аммо барои баччахои беадаб, вахшй ва якрав, ки ба оила, мактаб ва дустонашон намунаи баде ва дарди саре мешаванд, ин намуд чазо як начоте барои хама мешуд. Бо сабабхои шароити зиндагй ман низ бо модарам хайрухуш намуда, муваккатан рохи мухочирати мехнатиро пеш гирифтам. Баьди 6 мохи дар хар кучо кор кардан, бо рафиконам дар як ч,ое ба кори доимй даромадем. Шиносномахоямонро корфармоен барои дуруст кардани хуччатхои корй гирифтанд. Ноомади корро бинед, ки ин хин модарам хам касал шуда будааст. Бо у дар ин муддат хар хафта 2-3 борй гап мезадем. Аммо вактхои охир як ду хафта мешуд бо сабабхое дар тамос набудем. Рузе оилаам занг зада гуфт, ки модарат сахт касал шудааст ва туро мепурсад. Як гаму андухи вазнин ва тарси шадиде вучуди маро фаро гирифт. Х,алк,ам хушк шуда, пеши чашмонам торик гашт Ман илтимос кардам, ки оилаам телфонро бурда ба дасти модарам дихад, то овозашонро бишнавам. Вакте ки телфонро ба дасти модарам дод, овозашон базур шунида мешуд:- ... Ало... Ало... Ман... Ман...каме... бемор шудам.Ту... Ту...кай меойи?!... Ман:-( гирякунон)Модарч,ооон! Ман аз хозир харакат мекунам, ки тезтар маблаг ефта, ба назди шумо биеям. Шумо факат сабр кунед, илтимоооос!... Аз оилаам ва хамсоязани наздашонбуда илтимос кардам, ки ба модарам нигохубин кунанд. Ман харчй тезтар меоям. То ман хуччатхоямро гирифтам, маблаге ефта чиптаи хавопаймо харидам, ки як хафтаи дигар гузашт.Вакте охирон бор телефон кардам, оилаам гуфт:- Модарам гох- гох аз хуш мераванд ва мисли ин шудаанд, ки дигар сухани моро намешунаванд. Маро гаму андух ва гиряи сахте голиб.мешуд... Вакте ба деха расидам,модарам алакай вафот карда буданд ва мардум дар чанозагох интизори ман буданд. Гирякунон бо наздикон салом кардам... ва дар сафи намози чаноза карор гирифтам. Имомхатиб чанд сухани хубе оиди модарам гуфт:- ..Бародарон! Инчунин занхо бехтарин занхои мусулмон хастанд. Имон, такво, покизагй ва ахлоки некро нигох доштанд.Ба корхои гунох ва харом даст назаданд. Либоси исломй ва миллии худро хифз намуданд. Мехнати халол карданд. Золим шуда хаки касеро нахурданд. Худашон мазлум карор гирифтанд.Фарзанди худро бо азобу машаккат дар рухияи имон ва ахлоки нек тарбия намуданд.Бо хамсояхо муомилаи хубе доштанд. Афсуси зиед, ки сафи чунин занхо руз ба руз камтар шуда истодааст. Бояд хама фарзандонамонро дар хамин рухияи имону ахлоки нек,илму хунар, муомилаи хубу мехнати халол тарбия намоем, то дуне ва охиратамон обод гардад. Намози чанозаи модарамро бо имомхатиб ва мардуми дехаамон хондем.Баьд хама якчоя ба мазори махалла рафтем. Худам гирякунон, часади модарамро дуогуен дар лахад гузоштам... Як хафта баьди намозхо ва хар сахар ба назди гураш рафта дуо мекардам ва аз Худованд истидьо менамудам, ки симои модарамро акалан як бор дар хобам нишон дихад, чунки он касро бисер пазмон шудаам. Як руз карибии субх хобе дидам:- Якч,о як к,асри зебо ва калоне аст. К,аср гуе ба ман шинос ва маьлум аст. Ман ончо модарамро чустучу дорам. Баногох!... Баногох дар як тарафи к,аср модарамро бо либоси сафед дидам. Чехраашон нуронй ва равшан буд. Дилам ба таппиш даромад. Хис кардам, ки овозам гирифт ва аз чашмонам ашк ч,орй шуд. Модарам ба тарафи ман нигох карда, табассумкунон гуфтанд:- Ту маро чустучу дорй?!.. Ман ана хамин ч,оям!- гуфта дохили к,асрро нишон доданд ва афзуданд:- Худованд нигахбонат бооод!... Аз хоб.бо як хаячону хиссиети шадиде бедор шуда, хестам. Оилаам хам бедор шуд. Дар руи бистар чанде гиристам. Оилаам хамоно аз холам мепурсид.Аввал Худовандро шукрона кардам барои кабули дуоям ва ин ки симои модарамро ба ман як бори дигар нишон дод. Баьд хамаи хобро ба оилаам хам накл намудам. У хам ба гиря даромад... Худованд ба хар як инсони мусулмон тавфики хидмати модару падарро насиб гардонад ! Омин !
    2 комментария
    19 классов
    ДУНЁ ДУ РӮЗА АСТ МАҒРУР МАШАВ! Ду чизро ҳамеша фаромӯш кун, хубие, ки ба касе мекунӣ ва бадие, ки касе ба ту мекунад. Ҳамеша ба ёд дошта бош, дар маҷлисе ворид шудӣ забонатро нигоҳ дор, дар суфрае нишастӣ шикаматро нигоҳ дор, дар хонае ворид шудӣ чашмонатро нигоҳ дор, дар намоз истодӣ дилатро нигоҳ дор. Дунё ду рӯз аст, як рӯз бо ту ва як рӯз алайҳи ту. Рӯзе, ки бо туст мағрур машав ва рӯзе, ки алайҳи туст маъюс нашав, зеро ҳар ду поёнпазиранд. Бо чашмонат биёмӯз, ки на ҳар шахс арзиши нигоҳ кардан дорад. Бо дастонат биёмӯз, ки ҳар гуле арзиши чидан надорад. Ду чизро аз ҳам ҷудо кун, ишқу ҳавас. Зеро аввалӣ муқаддас аст ва дуввумӣ шайтонӣ. Аввалӣ туро ба покӣ мебарад ва дуввумӣ ба палидӣ. Чашму забон ду силоҳи бузург дар назди туанд, чигуна аз онҳо истифода мекунӣ? Монанди тире заҳролуд ё офтобе ҷаҳонтоб? Зиндагӣ гир ё зиндагӣ бахш? Бидон, ки қалбат кӯчак аст, пас наметавонӣ тақсимаш кунӣ. Ҳар гоҳ хостӣ онро бибахшӣ бо тамоми вуҷудат бибахш, ки кӯчакиш ҷуброн шавад. Ҳеҷ гоҳ ишқро бо муҳаббат, дилсӯзӣ, тараҳҳум ва дӯст доштан яке надон, ҳамаи инҳо аҷзои кӯчактари ишқанд на худи ишқ. Ҳамеша бо Худо дарди дил кун, на бо халқи Худо ва фақат ба ягонаи олам таваккал кун, он гоҳ мебинӣ, ки чигуна қабл аз ин ки худат даст ба кор шавӣ, корҳо ба хубӣ пеш мераванд. Медонӣ, ки аз Худо хостан иззат аст, агар бароварда шавад раҳмат аст ва агар нашавад ҳикмат аст. Аз халқи Худо хостан хифат аст, агар бароварда шавад миннат аст, агар нашавад зиллат аст. Пас ҳар чи мехоҳӣ аз Худо бихоҳ ва дар назар дошта бош, ки барои Ӯ ғайри мумкин вуҷуд надорад ва тамоми ғайри мумкинҳо фақат барои туст..
    1 комментарий
    10 классов
    Қиссаи "Қоидаи-99" 💐🌷🌹 👑 Подшоҳе вазирашро пурсид : Чаро хизматгорон аз ман хушҳолтар ҳастанд? Дар ҳоле ки онҳо чизе надоранду ва ман бошам тамоми чизро дораму аммо хушҳол нестам ❓ Вазир гуфт : Яке аз хизматгоронатро бо "Қоидаи-99" бисанҷ. 👑 Подшоҳ гуфт : Ин чигуна қоида ҳаст❓ Вазир гуфт: Дар дохили ягон зарф 99-динор бигузор ва дар болои зарф 100-динор навишта карда онро шаб дар назди дари хонаи хизматгор бигузор ва бингар ки чи рух медиҳад . 👑 Подшоҳ ин гуфтаи вазирашро иҷро намуд. Ва чун шаб шуд зарфи динорро бурда дар назди дари хонаи хизматгор гузошта дарро куфту худ бирафт. Дар ин ҳолат хизматгор дарро боз карду ба ғайр аз зарф чизеро надид. Бечора хизматгор навистаҷоти болои зарфро хонда бисёр хушҳол шуд ва бо худ гуфт ин ки бошад ки 100-динор гузошта рафтааст. Ва зуд аз пайи шуморидани динорҳо бишуд ва дид ки 99-динор як динор кам ҳаст. Худ бисёр кофтуков карду як динорро пайдо накард. Баъд аз муддате зану фарзандашро ҳам фарёд намуду мутаассифона кофтуковашон натиҷае надод. 👨‍🍳 Хизматгор бениҳоят ғамгин шуду ханда аз даҳонаш дур шуд ва чун саҳар шуд бо як ҳолати хастагӣ ва ғамгин ба хизмати подшоҳ рафт . 👑 Подшоҳ чун ҳолати хизматгорашро дид зуд маънои "Қоидаи-99"-ро дарк намуд. 💎 Дар воқеъ чунин аст : Гоҳо мешавад ки 99-неъмате ки худованд бароямон бахшидааст фаромуш мекунему ҳаётамонро аз пайи ҷустуҷуи як неъмат мегузаронем. 💎 Ба ҷойи шукри 99-неъмат намудан аз набудани як неъмат ношукрӣ мекунем. 💎 Он неъмате ки худованд бароямон тақдир накардааст ва ҳикмати насибамон накардани ин неъматро танҳо худованд медонад. 💎 Худованд мефармояд :Агар шукргузорӣ бикунед, ҳаройина ман неъматҳоямро бароятон зиёда мегардонам . (Сураи Иброҳим ояти-7)
    2 комментария
    24 класса
    #БАРОИ_МУАЛЛИМОН Муаллими ҷавоне дар роҳрав муаллимашро аз синфхона шинохта ба наздаш меояду мегӯяд: — Салом. Маро дар ёд доред? Ман шогирди шумо будам. Бале, ман туро хамчун хонандаи синфи сеюм дар ёд дорам. Ва шумо ҳоло чӣ кор карда истодаед? — Ман таълим медиҳам. Чӣ шуморо ба ин интихоб водор кард? — Чӣ не, балки кӣ. Яъне Шумо. Он замон як амали Шумо маро он қадар таъсир расонд, ки пеши худ мақсад гузоштам муааллим шавам. — Он чӣ гуна таъсир буд? — Рӯзе ҳамсинфам дар даст соати зебое, ки падару модараш тухфа кардаанд, ба дарс омад. Ӯ соатро кашида, ба ҷевонча гузошт. Ман ҳамеша орзу доштам, ки чунин соат дошта бошам. Аз ин хотир онро аз дохили ҷевон гирифтам. Дере нагузашта он писарбача гирякунон назди шумо омад ва аз дуздӣ шикоят кард. Шумо ба гирду атрофи мо нигариста гуфтед: «Касе ки соати ин бачаро гирифт, баргардонад». Ман хеле шарм доштам, вале аз соат ҷудо шудан намехостам, бинобар ин иқрор нашудам. Шумо ба назди дар омада, онро қуфл кардед ва ба мо фармон додед, ки дар канори девор саф кашед ва огоҳ кардед: "Ман бояд ҳама кисаҳои шуморо тафтиш кунам, ба як шарт, ки ҳама чашмонатонро пӯшед". Мо итоат кардем ва ман ҳис кардам, ки ин нангинтарин лаҳзаи умри кӯтоҳи ман аст. Аз хонанда ба хонанда, киса ба киса хабар гирифта гузаштед. Вақте ки шумо соатро аз ҷайби ман баровардед, то охири саф идома додед. Баъд шумо гуфтед: «Бачаҳо, ҳамааш хуб аст. Шумо метавонед чашмонатонро кушоед ва ба мизҳои худ баргардед." Шумо соатро ба сохибаш баргардондед ва дар бораи ин ходиса дигар харфе нагуфтед. Пас он рӯз Шумо номуси маро ва ҷонамро наҷот додед. Шумо маро чун дузд, дурӯғгӯ, кӯдаки беарзиш доғ накардед. Шумо ҳатто дар бораи ин эпизод бо ман суҳбат накардед. Бо гузашти вақт ман фаҳмидам, ки чаро. Зеро шумо ҳамчун муаллими ҳақиқӣ намехостед, ки шаъну шарафи хонандаи ҳанӯз ташаккул наёфтаро паст занед. Барои хамин муаллим шудам. Ҳарду аз таассуроти ин ҳикоя хомӯш монданд. Баъд муаллими ҷавон пурсид: - Модоме ки имрӯз маро шинохтед, дар ин саргузашт маро ба ёд овардед? Муаллими кухансол ҷавоб дод: - Гап дар сари он, ки ман ҳам бо чашмони баста кисахоро аз назар гузаронидам. ----------------------------- (тарҷума аз русӣ)
    1 комментарий
    51 класс
    Шоди Худоеров Аз хотирахо Панду насихат Ёд дорам, солхои пеш мардум хислате доштанд, ки барои бисёр корхои оилавиашон аз одамони боаклу босавод, хирадманду тачрибаи бои зиндаги дошта ба гуфте маслихатхо мегирифтанд ва баъд ба кор шуруъ мекарданд. Х,ар як кишлоку махалла пирон ё калонтарони худро дошта онхо саркори ин е он маърака мешуданд. Барои ташкил кардани оилахои фарзандонашон, ба шавхар додан ва ё келин кардан хам аз чунин маслихатхою панду насихатхо истифода мебурданд. Ин амалхо натичаи хуб хам медоданд ва мардум аз он рози буданд. Бо мурури замон охиста- охиста хамаи ин хислатхо аз байн рафтанду, хама доною хирадманд, босаводу " боакл" шуда, аз истифодаи чунин шахсон дури чустан гирифтанд ва риоя кардани он анъанахои бобоиро кухна шуморида бо гуфти баъзехо хама "современный"😅 шуданд. Ин мардуми "современный" аввал корро ичро мекунаду баьд маслихатпурси меравад ва хатто забони баъзехояшон пеш аз каллаашон кор карда, аввал гапро мезананд ва баьд ба фикр фуру мераванд. Окибатхои чунин амалхо хуб нест ва инро мо дар проблемахои чойдоштаи зиндагии имрузаи мову Шумо дида истодаем. Боре дар як маьрака дидам, ки аз муйсафеде хостанд, хамчун калонтар барои осаколи ба хонае раванд. Ин муйсафед аз харду гуши худ дошта онхоро чунин кашид, ки агар пеши рохашро намегирифтем шояд онхоро меканд😅ва гуфт: " Дар хаётам дигар ба осаколии ягон кас намеравам". Сабабашро шарх дод, ки замонахо дигар гаштанду одамон дигар. Хозир панду насихат куни дар бало мемони, ё бо умеди обод кардану хушбахт гардонидани ягон чавон оксаколи мерави пушаймон мешави. Баъзе чавонон ба чои он, ки баьди хонадоршави аз паи зиндаги шаванд, бо сабабхои номаълум дар оилахояшон чангу чанчолхо ташкил карда, хонахои ободашонро вайрон месозанду, тамоми гуноху дашному хакоратро болои сари падару модари оксакол мерезанд. Ягон кас гунохи худро ба гардан гирифтани нест ва гирифтан хам намехоханд. Бигузор хар кас худаш донаду дави аспаш, ман ба касе кор надорам ва касе хам ба ман кордор нашавад. Ба ман корбарони гурухи " Ёддоштхо ва Андешахо"- и фейсбукиам менависанд, ки Шодичон, барои чи пеш киссахои панду насихати менавиштию хозир не? Бародарону хохарони азиз, ба маълумоти хамаатон мерасонам, ки навиштани панду насихатро бас кардам, дида истодаам, ки кам касон таваччух доранд ва инхо хам он шахсоне хастанд, ки аз ман дида боаклтаранду ниёз ба панду насихат надоранд. Фикр мекунам замона пеш рафтаасту мо кафо мондем аз он вале гуфтори " Одами як умр мухточи тарбия аст"- ро ман хеч гох фаромуш намекунам ва худро ба он мухточ медонам.Мархамат, бигузор дигарон гуянду мо гуш андозем, зеро гуши пандшунав дорем. Замонае омадааст, ки чои панду насихатро дашному хакорат, тахкир, паст задан, худро доно тарошидан, ба иззати нафси дигарон расидан гирифтааст. Худо нишон надихад, шахсеро пеши рохи хислатхои бадашро хотирасон намуда, ба вай рохи хуби инсониро талкин намои. Мантикан ин кор барои фоидаи он шахс буда, шояд оянда вай аз чандин балохо халос шавад вале чунин вокунишхо мешунавию, чунин тамгахоро борат мекунанд, ки аз мурдани худат дарак дорию аз онхо не, махсусан агар он шахс аз ягон минтакаи дигари Точикистон бошад. Вакте, ки сохибони ин посуххоро анализ карда мебарои, кариб хамааш мардуми як минтакаанд.Мутаассифона баьзе аз "доноён"-и охирзамон бошанд, ин падидахои номатлубро боз фарханги баланд номида, шахси насихатгарро бефархангу, бе ягон асос чизе дилашон хохад ном мебаранд, то ончое гунахгорад мешуморанд, ки гуё дар навистаат як нукта ё вергулеро партофтаи😅😅. Бародарону хохарон аз ин доираи танги махалчигию якдигарбадбини дур шавед, мо дар асри 21 зиндаги дорему мардум дар кайхон хонаву дар сохтанианд. Мо хамаамон фарзандони халки точикем. " Бофархангон" камтар чашматонро калонтар кушода, ходисаю вокеахои дар дунё гузашта истодаро тамошо кунед, агар кобилияти аналитики дошта бошед, мефахмед, ки яке аз сабабхои вокеахои Украина, ин миллатчиги кардани як минтакаи ин давлат( Бандерачихои Украинаи гарби) мебошанд, ки бо " ёрии" баьзе аз хочагони хоричиашон сари тамоми мардуми ин кишварро дар бало монданд. Фаромуш накунед, ки таърих исбот кардааст, ки окибати махалчигию миллатчиги ба фашизм бурда мерасонад ва аз он халос ёфтан кори осон нест. Мо мардуми точик хам аз руи баьзе "бофархангон" кариб буд, ки давлату миллатамон нест шавад ва хайрият, ки мардуми бо нангу номус ва далеру часури Ватан бо рохбарии Чаноби Оли Эмомали Рахмон аз бахри чонашон гузашта ин давлату ин миллатро аз вартаи нобудшави нигох доштанд ва шахсан ман шохиди он рузхо буда, кихо бофархангу, кихо ватандустдору, кихо химоятгару, кихо миллатдустдори хакикии Ватан хастанд нагз медонам. Ин ба онхое хам дахл дорад, ки дина руз чор калима гапи ( гап, гап, гап)хушку холии ширинро ёд гирифта тарафи ман санги бефарханги мепартоянд таалук дорад. Шукронаи ана хамин одамон кардан даркор аст,ки имруз мо Точикон Ватани худро дорему тинчу оромона зиндаги дорем. Боки хамаамон сихату саломат бошем!
    1 комментарий
    32 класса
    😥😥Шаб маро хобамда бо меҳр алла мегуфт Модарам, Ҳар саҳар ҷорӯб дар дасташ хона меруфт Модарам. Пас гирифта дасти ман, бо навозишхои худ, Аз китоби зиндагӣ хар шаб, кисса мегуфт Модарам!!!! Бе ту, бе болу парам Модари зорам бие😥😥😥 Байни гам афтодаам, эй Мададгорам бие!... Бе ту ҳеҷ поен нараф қатраи об аз гулӯ, Бо ту ман Гул будаму, Бе ту чун хорам бие😥😥😥😥 Гашта аз ғамҳо пуроб чашмони ман, Эй Модарам,,,,, Бе ту, бе Файз гашта, чун хонаву хам хони ман,,,,, Рафтаи зуд аз хайет, ох зи дастони аҷал 😥😥😥 Омадаам бар хонаат, нести ту пазмони ман😥😥😥😥 Ох Модар, Ҷон Модар, бе ту хору зор мондам Модарам😥😥😥😥
    1 комментарий
    21 класс
    ДАР Ч,УСТУЧ,УИ МУАЛЛИМИ ХУБ. Падару модар барои писарашон муаллимеро интихоб карданд. Сахар бобои писарак уро гирифта ба мактаб бурд. Вакте бобою набера ба хавлии мактаб ворид гаштанд, хонандагони хурди мактаб онхоро ихота карданд. Ягон нафар ба онхо салом надод. Барьакс яке аз онхо хандида гуфт:- Бинед, чи хел пирамарди хандаовар омадааст. Дигаре ба писар гуфт:- Эй, аз кучо омадй, фарбехи хурдакак ?! Бачахо додзанон гирди онхо мегаштанд. Хамин вакт муаллим зангро зад ва онхо дав-давон ба синфашон даромаданд. Бобо дасти набераашро гирифта, аз мактаб дур шуд. - Чи хел нагз! Ман ба мактаб нахохам рафт!- хурсандй кард, набера. -Ба мактаб хохй рафт, аммо на ба ин мактаб.Ман худам ба ту муаллими хуб хохам ефт- гуфт бобо. Пирамард набераашро ба назди кампираш оварда монд ва худаш аз паи ефтани муаллими хубе шуд. Пирамард ба чандин мактаб мерафт ва интизори танаффус мешуд. Вакте тараффус мешуд ва хонандагон берун мебаромаданд, ба хонандагон ахмият медод. Кисми зиеди онхо ба у салом намедоданд. Як кисми дигар уро гам медоданд. Пирамард чандин мактабхоро гашт, аммо мактаб ва муаллими маькули дилашро наефт. Дар охир ба хавлии як мактаби назарногире ворид шуда, дар як кунче нишаст ва мунтазири танаффус ва дидани хонандагони он шуд. Занг зада шуд. Талабагон аз синф берун баромаданд. Онхо ба пирамард -Ассалому алайкум - гуен салом медоданд. Пирамард хам - Ва алайкум ассалом ва рах,матуллох,- гуен чавобшон мегуфт. Яке аз онхо ба пирамард наздик шуда, гуфт- Бобочон ! Саломатии шумо хуб аст ? Об биерам ?! Дигаре бошад, ба кунче ишоракунон гуфт- Ончо харак хаст.Мархамат ончо нишинед ва дам гиред. Сеюмй бошад , гуфт- Бобочон ! Агар хохед , ба наздатон муаллимамонро даьват мекунем! Дар ин вакт муаллими чавон хам ба назди онхо омад ва бо пирамард боадабона -Ассалому алайкум- гуен салом кард. Пирамард хам - Ва алайкум ассалом ва рахматуллох,- гуфта чавобаш дод ва аз хамаи ончй дид ва шунид , хурсанд шуда гуфт- Хайрият дар охир ман мактаб ва муаллими хуберо барои набераам ефтам. Муаллим- Не, шумо хато мекунед! Мактаби мо бехтарин нест ! Ин мактаб хурд аст ва боз синфхояш хам барои хонандагон тангй мекунад ва инчунин аз васоили гунонуни лозима барои таьлим мо махрумем . Пирамард бахс накард ва зуд маслихати овардани набераашро намуда, бо онхо хайрухуш намуда, баргашт. Бегохй келинаш аз интихоби бобо норозй шуда, гуфт- Бобо ! Шумо як одами бесавод хастед! Аз кучо медонед, ки муаллими ефтаи шумо муаллими бехтарин аст?! Пирамард- Аз руи шогирдон! Келин--Чи тавр ?! Бобо--Ба муаллим аз руи онхо бахо дода мешавад. Вакте шогирдон босавод ва боадабанд, ин нишонаи он аст, ки муаллими онхо чунин буда, муаллими бехтарин аст.. Хонандагони гиромй ! Шумо бо пирамард хамфикред е пирамард хато мекунад?!
    2 комментария
    14 классов
    435530401_1760779747748500_5551112779998554518_n.mp4
    1 комментарий
    20 классов
Насиҳат кардан осон аст, ИБРАТ ШУДАН ДУШВОР.... 🫀JoviDon🫀
558218803172

ШГ ✍️

ДУНЁ ДУ РӮЗА АСТ МАҒРУР МАШАВ! Ду чизро ҳамеша фаромӯш кун, хубие, ки ба касе мекунӣ ва бадие, ки касе ба ту мекунад. Ҳамеша ба ёд дошта бош, дар маҷлисе ворид шудӣ забонатро нигоҳ дор, дар суфрае нишастӣ шикаматро нигоҳ дор, дар хонае ворид шудӣ чашмонатро нигоҳ дор, дар намоз истодӣ дилатро нигоҳ дор. Дунё ду рӯз аст, як рӯз бо ту ва як рӯз алайҳи ту. Рӯзе, ки бо туст мағрур машав ва рӯзе, ки алайҳи туст маъюс нашав, зеро ҳар ду поёнпазиранд. Бо чашмонат биёмӯз, ки на ҳар шахс арзиши нигоҳ кардан дорад. Бо дастонат биёмӯз, ки ҳар гуле арзиши чидан надорад. Ду чизро аз ҳам ҷудо кун, ишқу ҳавас. Зеро аввалӣ муқаддас аст ва дуввумӣ шайтонӣ. Аввалӣ туро ба покӣ мебарад ва дуввумӣ ба палид
558218803172

ШГ ✍️

Ба сӯйи хонадони ту дилам гум мезанад модар, Ба нури дидагони ту дилам гум мезанад модар. Шабонгоҳон, ки бар гардун ситора мезанад чашмак, Ба чашми меҳрубони ту дилам гум мезанад модар. Ба ҳар маҳфил сухан гӯям, садои ту расад бар гӯш, Ба оҳанги баёни ту дилам гум мезанад модар. Ба ман тумори дарди сар фиристӣ, то амон бошам, Ба армони нигоҳи ту дилам гум мезанад модар. Ба нози ман, ниёзе ман дили дардошёне ку? Ба лутфи бехазони ту дилам гум мезанад модар. Касе мисли ту ошиқ не ба ин ҷону ҷаҳони ман, Бимирам дар ҷаҳони ту дилам гум мезанад модар. Баҳор асту дилам дар хонаи тангам намегунҷад, Ба кунҷи ошёни ту дилам гум мезанад модар. Ту ҳастиву маро парвои меҳру меҳрубонӣ нест, Ба меҳри ҷови
558218803172

ШГ ✍️

Ҳикмати рӯз 🌸 Ҳар ки хӯрд дар кӯдакӣ,як бурда аз нони падар, Кам бувад то умр бӯсад,дасту домони падар. Хонааш равшан шавад,аз рӯи тобони падар, Мекунам ҷону дилам,сад бор қурбони падар. Хулқу одобе ба фарзанд,аз падар мерос бувад, З-ин сабаб фарзанд мудом аст,шавкату шони падар. Хонаи торик шавад равшан, зи ҳастии кӯдакон, Рӯи фарзанд аст чароғи,давру даврони падар. Лаҳзае дар хонааш,гар дер биёяд бе сабаб, Дар сари роҳ интизор аст, чашми ҳайрони падар. Ногаҳон дар пои фарзанд,гар халад як хору хас, Хун чакад беихтиёр,аз чашми гирёни падар. Гар падар,теғи забоне хӯрда аз фарзанди худ, То тамоми умри худ ,дард мекунад, ҷони падар. Гар падар аз хулқи фарзанд, лаънате фаҳмад зи халқ, Инч
558218803172

ШГ ✍️

Зиндагӣ бо ҳама дарду ҳама ғам даргузар аст, Одам аз қисмати фардои худаш бехабар аст. Мард будан ба ҷаҳон ин шарафу номи бузург, Якмаромӣ сари шаҳроҳи умеду зафар аст. Ошиқи номи Ватан бош, Ватан модари мост, Аз маҳалбози дағалбоз ба Меҳан зарар аст. Ростро рост бигӯ, дар ҳама аҳвол, натарс, Ҳар касе меканад аз рост назар беҷигар аст. Дарди моро накунад кишвари бегона даво, Ваҳдати мо ба ҳама иллати мо чорагар аст. Аз касе, ки ба Ватан нест ягон манфиате, Хори саҳрои Ватан қиммату бе дарди сар аст. Кори шоир набувад мадҳия гуфтан ҳама дам, Аз ғаму дарди замон гуфтани шоир ҳунар аст.
558218803172

ШГ ✍️

Зи туҳматҳои номардон, Худовандо, нигаҳбон шав, Зи дилсӯзии бедардон, Худовандо, нигаҳбон шав. Тану ҷони саломат деҳ макун хори дари ҳар кас, Дар ин дунёи саргардон, Худовандо, нигаҳбон шав. Ба рӯят гуфт ҳарфи хубу аз пуштат кунад ғайбат, Зи дилсардии лабхандон, Худовандо, нигаҳбон шав. Ба ки дарди дилам гӯям, ки гаштам саргарони даҳр, Маро аз дидаи ҳайрон, Худовандо, нигаҳбон шав.
558218803172

ШГ ✍️

Панде аз Суқрот            * * * Рӯзе Суқрот, ҳакими маъруфи юнонӣ, мардеро дид, ки хеле нороҳат аст. Иллати нороҳатияшро аз ӯ пурсид. Мард посух дод: дар роҳ, ки меомадам, яке аз ошноёнро дидам ва салом кардам, аммо ҷавоб надод ва бо беэътиноӣ ва худхоҳӣ гузашт ва рафт. Ман аз ин тарзи рафтори ӯ ранҷидам. Суқрот пурсид: хуб, чаро ранҷидӣ? Мард бо таъаҷҷуб гуфт: хуб, маълум аст, чунин рафторе нороҳаткунанда аст. Суқрот пурсид: агар дар роҳ касеро медидӣ, ки ба замин афтода ва аз дарду беморӣ ба худ мепечад, оё аз дасти ӯ дилхур ва меранҷидӣ? Мард гуфт: мусаллам аст, ки ҳаргиз дилхур намешудам. Одам, ки аз бемор будани касе дилхур намешавад. Суқрот пурсид: ба ҷойи дилхурӣ, чӣ эҳсосе меёфтӣ в
558218803172

ШГ ✍️

ЗАН КИСТ? -Ӯ ҳамонест, ки агар гиёҳе офарида мешуд, гул буд. Агар парандае офарида мешуд, товус буд. Агар ҳайвоне офарида мешуд, оҳу буд. Аммо ӯ инсон офарида шуд, дӯст, ҳамсар, бузургтарин неъмати ҳастии рӯи замин. Агар зан чизи боҳашамате намебуд, Худованд ӯро ҳуре дар биҳишт намегардонид. Агар офариниши бузурге намебуд, Паёмбараш биҳиштро зери пои ӯ қарор намедод. Ӯ ҳамон касест, ки бо додани гуле хушнуд ва бо шунидани сухани хуш, лабханд мезанад. Туфулаташ дарвозае барои биҳишти падарон аст. Сипас ӯ ҷавонест, ки дини ҳамсарро пурра мекунад. Сипас модарест, ки ҷаннат зери пои ӯст. Ӯ китобест, ки бобҳояш меҳр, муҳаббат ва меҳрубонист. Ӯ маркази меҳр ва мазҳари ишқ аст. Зебост,
558218803172

ШГ ✍️

50 ШОҲБАЙТ АЗ БУЗУРГОНИ КЛАССИК *************************************** Ҳавас кардам, ки дӯзам чоки дил аз тори гесӯят, Валекин сад гиреҳ дорад дар сӯзан намеояд. ************************************* Як умр зи ҳар неку бад озор кашидам, Ин буд гуноҳам, ки диловар набудам. ************************************** Аз раҳи кибр қадам бар асари ҳар хор манеҳ, Зон, ки як рӯз ту ҳам хоки қадам зоҳӣ шуд. ************************************** Номи наку натиҷаи умри абад бувад, Ҳаргиз намирад он, ки намудаст номи у ************************************* Дони ки шамъ баҳри чӣ парвонаро бисӯхт, Фаҳмид меҳри хирасарон лаҳзаина аст. ************************************* Ба ҷонон рози дил гуфтам хато карда
558218803172

ШГ ✍️

К.ИССА. ХОТИРОТИ МУХОЧИРЕ ОИДИ МОДАРИ САХТГИР. Оиди падарам дар хотироти ман аз давраи кудакй кариб хеч чиз бокй намондааст, чунки падарам баьди издивоч кариб, ки дар хона намеистодааст. Баьди таваллуди фарзанди якумаш ману модарамро дар хонаи бобову бибиям гузошта, худ барои ефтани маблаги зиед ба ронандагй ба як шахри дур рафтааст. Дар як сол ду бор як мохй омада, тухфахо оварда, моро хабар мегирифтааст. Баьд боз гайб мезадааст. Вакте ки модарам фахмидаст, ки падарам гайри мо, боз зан ва фарзанди руссй дорад,аз падарам талаб кардаст,ки аз онхо чудо шавад. Чавоби рад додани падарамро шунида, дархол талаб кардааст, ки падарам уро талок нам
558218803172

ШГ ✍️

#Ҳикояти_ибратомӯз... 📖📖📖📖📖📖📖📖📖📖📖📖📖📖 Марди #фақире чанд рӯз буд, ки бо зану фарзандонаш чизе нахӯрда буданд. Рӯзе #деҳқоне ба ин мард каме гандум дод ва мард дар роҳ, ки меомад, бо #Худо дарду дил кард ва гуфт: эй кушояндаи гиреҳҳо... #гиреҳи аз мушкилоти моро бикушо! Дар ҳамин вақт #гиреҳи аз гиреҳҳо боз шуд ва гандумҳои мард бар замин рехт. Мард гуфт: #эй Худо! Чаро ин гиреҳро боз кардӣ? Ман ин гиреҳро нагуфтам... Нишаст то гандумҳоро ҷамъ кунад, ки дид гандумҳояш дар рӯи косае аз #тилло рехта аст. Аз ҷояш хест ва гуфт: #Худоё маро бибахш! 🤲🤲🤲🤲🤲🤲🤲🤲🤲🤲🤲🤲🤲🤲 #Хулоса_аз_ҳикоят: #Ҳеҷ_кори_Худованд_бе_ҳикмат_нест!!! ⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️⚠️
Показать ещё